Талошҳои бархе маҳфилҳои ҳукумати Тоҷикистон барои хароб кардани пулҳои робита бо Эрон
Бо вуҷуди талошҳои беш аз як соли гузаштаи давлати Тоҷикистон ба манзури азсаргирии равобити созанда ва матлуб бо Эрон, ба назар мерасад ҳукумати Душанбе бори дигар талошҳое бо ҳадафи тахриби робита бо Эронро дар дастури кор қарор додааст.
Пас аз чаҳор соли тирагии робитаҳо, давлати Душанбе аз моҳи марти соли 2019 ба манзури беҳбудии робита бо Теҳрон талошҳое анҷом додааст, аммо ҳамзамон бо ин талошҳо ахиран як ба истилоҳ як "мустанад"и телевизиюнӣ, аз телевизиюни давлатии Тоҷикистон пахш шудааст,ки бори дигар ба таблиғоти дуруғин алайҳи Ҷумҳурии Исломии Эрон мепардозад .Нуктаи ҷолиби таваҷҷуҳи ин филм дар он аст ки номи коргардон ва таҳякунандаи расмиаш мушаххас нест..Аммо бо тавваҷӯҳ ба бозхурдҳо метавон гуфт: ба истилоҳ мустанади "хиёнат" рабте ба ҳунармандон ва миллати Тоҷикистон надорад. Алалхусус, ки ҳунармандони тоҷик, умуман аз алоқамандон ба торих, фарҳанг, забони муштарак ва ҳамчунин мардуми Эронзамин ҳастанд ва охирин мисдоқи ин алоқа низ, интишори видео аз эъломи ҳамбастагии ҳунармандони тоҷик бо мардуми Эрон дар ҷараёни мубориза бо вируси хатарноки корона будааст .
Ҳамзамон бо иқдоми давлати Тоҷикистон дар пахши ин филм, додгоҳе дар Душанбе низ теъдоде аз шаҳрвандони худро, ки дар Эрон таҳсил карда ва ба тозагӣ аз доншгоҳҳои Эрон фориғуттаҳсил шудаанд, ба баҳонаҳои мухталиф боздошт, муҳокима ва маҳбус кардааст. Аслитарин иттиҳоми матраҳшуда дар хусуси ин афрод аз сӯи додгоҳҳои Тоҷикистон " хиёнат ба ватан ва нақзи қавонини система ва шабакаҳои роёнаӣ ( модаи 305 ва 304) " унвон шудааст .
Дар ҳақиқат, бояд гуфт: бархе маҳфилҳои сиёсӣ ва амниятӣ, ки пеш аз ин низ собиқаи тарҳи иттиҳомҳои зиддиэрониро бидуни далелу мадрак доштааанд, бори дигар ба самти давлатҳои мутахосим бо Эрон ва мухолифони беҳбуди равобити мусбат ва созандаи Теҳрон ва Душанбе мутамоил шудаанд. Бешубҳа, баъзе давлатҳои реакционии араб дар соҳили Халиҷи Форс, ИМА, баъзе ҳукуматҳои Аврупо ва режим истилогарони Қудс аз мухолифони тавсеаи равобити Эрон бо Тоҷикистон ҳастанд.
Бо тавваҷӯҳ ба ин ки Тоҷикистони дар остонаи интихоботи сарнавиштсози раёсати ҷумҳурӣ қарор дорад, коршиносон иқдоми ахирро талоши дигар ба манзури дарёфти кӯмакҳои хориҷӣ ба вижа мусоидати бархе аз давлатҳои реакционии арабии ҳошияи Халиҷи Форс, қаламдод мекунанд . Бархе коршиносони сиёсӣ муътақиданд барои бархе номзадҳои интихоботи раёсати ҷумҳурӣ бисёр судовар аст ки мавзеъҳои зиддиэронӣ бигиранд.Табиӣ аст ки онҳо на танҳо ба кумакҳои шайхҳои араб дил хуш карда , балки шояд ба раисҷумҳури Амрико низ умедворанд,ба вижа ин ки Доналд Трамп тоза раванди зиддиэрониро гарм карда ва ин номзадҳо низ мавзеъҳои зиддиэрониро афзоиш додаанд то аз чунин ҳимоятҳое низ бархурдор шаванд.
Дар пайи пахши ин ба истилоҳ мустанади телевизиюнӣ ва тарҳи иттиҳомҳои кизбу муғризона алайҳи Ҷумҳурии Исломии Эрон аз шабакаи давлатии телевизиюни Тоҷикистон , сафири ин кишвар дар Теҳрон ба Вазорати умури хориҷаи Эрон эҳзор шуд .
Дар як ҳафтаи гузашта ин дувумин бор аст, ки сафири Тоҷикистон дар иртибот бо ин мавзӯ ба Вазорати умури хориҷаи Эрон эҳзор ва маротиби эътирози шадиди Ҷумҳурии Исломии Эрон ба вай иблоғ шуд .
Тардиде нест, ки Ҷумҳурии Исломии Эрон хоҳони равобити дӯстона, бародарона ва мубтанӣ бар эҳтироми мутақобил бо давлати Тоҷикистон аст, аммо истимрори рафторҳои муғойир бо муносиботи дӯстона ва бародарона аз сӯи ҳукумати Душанбе, ба аҳдофи ҳамкориҳои муштараки Эрону Тоҷикистон зарба мезанад . Давлати Тоҷикистон бояд ба табаоти чунин рафторҳое тавваҷӯҳ дошта бошад ва ин воқеиятро ба зеҳн бисипорад, ки тадовуми ин вазъият барои Эрон қобили қабул нест. Дарвоқеъ, ҳукумати Душанбе наметавонад ҳар вақт ки мехоҳад, ки моил бошад, ба Эрон дасти дӯстӣ бидиҳаду ҳар гоҳ, ки манофеъаш эҷоб мекунад ба табли душманӣ бо Эрон бикубад.