Музокироти вазири хориҷаи Ироқ дар Теҳрон: пайгирии тавофуқоти Теҳрон - Бағдод
(last modified Sun, 27 Sep 2020 07:56:50 GMT )
Сентябр 27, 2020 12:56 Asia/Dushanbe
  • Музокироти вазири хориҷаи Ироқ дар Теҳрон: пайгирии тавофуқоти Теҳрон - Бағдод

Муносиботи Эрон ва Ироқ бар рағми фишорҳо ва дахолатҳои Амрико дар масири роҳбурдӣ қарор гирифтааст.

Ин равобит дар сафари июли гузаштаи « Мустафо Ал-Козимӣ » нахуствазири Ироқ ба Теҳрон бо тавофуқоти ҷадид,  вориди марҳалаи тозае шуд .
Дар ҳамин росто ва ба манзури пайгирии ин созишномаҳо, вазири корҳои хориҷии Ироқ Фуод Ҳусейн субҳи рӯзи шанбе ва дар марҳилаи аввали сафари дурӯзааш бо ҳамтои эрониаш Муҳаммад Ҷавод Зариф ва Раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон Ҳасани Руҳонӣ дидор ва гуфтугӯ кард.
 Дар муносибатҳои Эрону Ироқ ҳадафҳо ва манфиатҳои муштарак мавҷуданд, ки саъйи онҳо дар таҳким ва тавсеаи муносибот аз се сабаб нақши калидӣ дорад.
Далели аввал;  манофеи роҳбурдӣ ва зарфиятҳои муштараки ду кишвар дар ҳавзаҳои иқтисодӣ ва тиҷорӣ аст, ки бештарини саҳмро дар равобит миёни ду кишвар дорад .
Далели дувум; шароити хоси минтақа ва зарурати ҳамкорӣ дар атрофи меҳвари амният ва мубориза бо тероризм аст.
 Далели сеюм;  пайвандҳои амиқи фарҳангӣ; дине байни ду кишвари ҳамсоя аст, ки дар тавсеа ва тақвияти ҳамкориҳо нақши босазое дорад.
Раҳбари муаззами инқилоб Ҳазрат  Оятуллоҳи Хоманаӣ  дар бахше аз суханонашон дар дидори сарвазири Ироқ дар Теҳрон ( 21 июли 2020 ) хотирнишон карданд : он чӣ дар равобити дуҷониба барои Ҷумҳӯрии Исломии Эрон бисёр ҳоизи аҳамият аст манофеъ, масолеҳ, амният, иззат , иқтидори минтақаӣ ва беҳбуди шароит дар Ироқ аст .
Эшон ҳамчунин бо баёни ин ки дидгоҳи амрикоиҳо дар бораи Ироқ дуруст дар нуқтаи муқобили Эрон аст, афзуданд : Амрико ба маънии воқеии калима душман асту мувофиқи Ироқи мустақил , қавӣ ва дорои ҳукумате бо раъйи аксарият нест .
Аҳамияти музокироти вазири хориҷаи Ироқ дар Теҳронро низ мебоист дар чорчӯби ҳамин муаллафаҳо таҳлилу арзёбӣ кард .
Чунонки « Ҳасани Руҳонӣ » Раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон, дар дидори « Фуод Ҳусейн » вазири умури хориҷаи Ироқ бо таъкид бар ин ки талош барои хуруҷи Амрико аз минтақа, вазифаи ҳар кишваре аст, ки амрикоиҳо дар он ҳузур доранд , изҳор кард : Эрон он чӣ маҷлиси Ироқ дар ин замина тасвиб кардаастро гоми мусбате медонад .
Вазири умури хориҷаи Эрон «Муҳаммад Ҷаводи Зариф » ҳам дар дидори ҳамтои ироқии худ бо таъкид бар зарурати тазмини иззату амнияти дипломатҳои эронӣ дар Ироқ , бо ишора ба иқдоми террористии режими Амрико дар террори сардори сипаҳбуд шаҳид « Қосими Сулаймонӣ » дар хоки Ироқ, ифои масъулияти Бағдод дар ин заминаро хостор шуд .
Ин муаллафаҳо нишон медиҳад равобити Эрону Ироқ дорои аҳамияти чандваҷҳӣ дар ҷиҳати манофеи ду миллат ва субот дар минтақа аст. Дар заминаи ҳамкориҳои иқтисодӣ низ ду кишвар дар бораи ҳамкориҳои гуногун, аз ҷумла дар заминаи хати оҳани Хуррамшаҳру Басра , эҷоду тавсеаи шаҳракҳои санъатӣ, масоили гумрукӣ ва ҳамкориҳои беҳдоштӣ ва пизишкӣ тавофуқ кардаанд. Ҳаҷми пешбинишуда табодулоти тиҷории байни ду кишвар низ 20 миллиард доллар дар тӯли солҳои оянда ҳадафгузорӣ шудааст .
Воил ал-Рикобӣ, таҳлилгар ва коршиноси сиёсии Ироқ, бар ин назар аст, ки равобити Эрону Ироқ ба густариш дар ҳама самтҳои дуҷониба ва минтақавӣ моил аст. Ал-Рикобӣ таъкид мекунад; мавқеҳои Ҷумҳурии Исломии Эрон барои дифоъ аз Ироқ, ба вижа дар ҷанг алайҳи гурӯҳи террористии ДИИШ сабаб шудааст то ин ҳамсояи мусалмон ба содиқтарин ва боэътимодтарин дӯсти Ироқ табдил шавад.
 Акнун низ музокироти вазири хориҷаи Ироқ дар Теҳрон дар баргирандаи масоили муҳимме аст ки илова бар ройзанӣ дар бораи таҳаввулоти Ироқ ва минтақа, дар суръвт бахшидан ба иҷроӣ шудани тавофуқоте, ки дар сафари нахуствазири Ироқ ба Теҳрон ҳосил шуд ҳоизи аҳамият аст .