Дар соҳати Худовандгори ирфону адаб; Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ+ филм
https://parstoday.ir/tg/news/iran-i57861-Дар_соҳати_Худовандгори_ирфону_адаб_Мавлоно_Ҷалолуддини_Балхӣ_филм
Имрӯз ҳаштуми меҳр баробар бо 29 сентябр дар тақвими расмии Эрон ба унвони "Рӯзи бузургдошти Мавлавӣ" сабт шудааст.
(last modified 2025-01-16T07:54:01+00:00 )
Сентябр 29, 2020 09:41 Asia/Dushanbe

Имрӯз ҳаштуми меҳр баробар бо 29 сентябр дар тақвими расмии Эрон ба унвони "Рӯзи бузургдошти Мавлавӣ" сабт шудааст.

Ҷалолиддини Муҳамади Балхии маъруф ба Мавлавӣ ва Мавлоно ва Румӣ дар шашуми рабиул аввали соли 604 ҳиҷрӣ дар шаҳри Балх дида ба ҷаҳон гушуд .
Мавлавӣ аз машҳуртарин шоирони эронитабори порсигӯй ба шумор меравад, ки дар даврони ҳаёт ба алқоби «Ҷалолуддин», «Худовандгор » ва « Мавлонои худовандгор» номида шудааст .
 Ӯ дар 37 солагӣ орифу донишманди даврони худ буд ва муридон ва мардум аз вуҷудаш  баҳраманд буданд, то ин ки дар дидор бо орифи бузурге ба номи Шамсиддини Муҳаммади Табрезӣ шефтаи ӯ шуд .
Дар ин мулоқоти кӯтоҳ  Мавлавӣ давраи пуршуреро оғоз карду дар 30 соли пас аз он осоре барҷой гузошт, ки аз олитарин натоиҷи андешаи башарӣ аст .
Мавлоно  Ҷалолуддин  Муҳаммади Мавлавӣ дар тамоми  осораш ба вижа "Маснавии маънавӣ",  ки тавфиқе ҷаҳонӣ ёфта ба чолишҳои дарунӣ ва масоили бунёдини инсон ва мавонеъи фарорӯии ӯ тавваҷӯҳ кардааст .
Нуфузи Мавлавӣ фаротар аз марзҳои миллӣ ва тақсимоти қавмӣ аст ва эрониён, афғонҳо, тоҷикҳо, туркҳо , юнонён, дигар  мусулмонони Осиёи марказӣ ва мусулмонони Осиёи ҷануби шарқӣ дар ҳафт  қарни гузашта ба шиддат аз мероси маънавии у таъсир гирифтаанд .  
Тарҷумаи сурудаҳои Мавлавӣ, ки бо номи Румӣ дар ғарб шинохта шуда аз « маҳбубтарин » ва «пурфурӯштарин » осори адабӣ дар Иёлоти Муттаҳидаи Амрикост .
Мазори ин шоир ва орифи номӣ дар Қуния  ҳамасола  зиёратгоҳи аҳли дилу ирфону адаб аст .