Эъзоми ҳайати тиҷории Эрон ба Тоҷикистон бо меҳварияти Хуросони Разавӣ
(last modified Mon, 10 Oct 2016 15:05:08 GMT )
Октябр 10, 2016 20:05 Asia/Dushanbe
  • Эъзоми ҳайати тиҷории Эрон ба Тоҷикистон бо меҳварияти Хуросони Разавӣ

Раиси Созмони саноат, маъдан ва тиҷорати Хуросони Разавӣ аз эъзоми ҳайати тиҷорӣ ва бозорёбии Эрон ба Тоҷикистон бо меҳварияти Хуросони Разавӣ хабар дод.

Розияи Алиризоӣ изҳор кард, ин ҳайат муташаккил аз 15 ширкати саноатӣ ва тиҷории кишварӣ ва Хуросони Разавӣ аз 13 то 16 октябр бо ҳамоҳангии Созмони тавсеа ва тиҷорати Эрон ба ин кишвар эъзом мешавад. Вай афзуд, тавсеаи муносибот ва муаррифии зарфиятҳо ва тавонмандиҳои иқтисодию шиносоии заминаҳои ҷадиди ҳамкорӣ барои рафъи мавонеи мавҷуд ва афзоиши сатҳи мубодилоти тиҷорӣ ва бистарсозӣ ва мушорикат дар лоиҳаҳои ободонӣ, саноатӣ, фаннӣ ва муҳандисӣ аз аҳдофи эъзоми ин ҳайат аст.

 Алиризоӣ тасреҳ кард, бо эъзоми ин ҳайат анҷоми дидорҳое бо мудирони аршад ва иҷроияи Тоҷикистон дар заминаҳои тиҷорат, саноат ва технологияҳои нав пешбинӣ шуда, зимни баррасии шароити бозор барои ҳузури пойдори ширкатҳо, бавижа дар заминаи тавлидоти муштарак, музокира хоҳад шуд.  Вай бо баёни ин ки ҳамчунин ин ҳайат бо ҳузур дар ҳамоиши фурсатҳои сармоягузорӣ, ки дар ин кишвар баргузор хоҳад шуд, заминаҳои ҳамкориро баррасӣ хоҳанд кард, гуфт, Тоҷикистон яке аз 10 кишвари аслии ҳадафи содироти Хуросони Разавӣ тайи солиёни гузашта будааст ва бо таваҷҷуҳ ба аҳамияти он кишвар дар тавсеаи равобити иқтисодӣ, бавижа бо устони Хуросони Разавӣ эъзоми ҳайат метавонад гоми муҳиме дар иртиқои равобит бошад.