Дурахшиши бозикунони тими футболи “Персеполис”-и Эрон дар мусобиқоти Лигаи қаҳрамонони Осиёи
Бар асоси эъломи Конфедерасиюни футболи Осиё (AFC), шаш бозикуни тими футболи Персеполиси Эрон дар таркиби мунтахаби марҳалаи якчаҳоруми ниҳоии Мусобиқоти қаҳрамононии Осиё дар минтақаи ғарб ҳузур доранд.
Ба гузориши ИРНА, сойти “AFC” дар ҳар марҳала аз мусобиқоти Лигаи қаҳрамононии Осиё ба муаррифии бартарин бозикунон ва таркиби мунтахаб мепардозад ва ин бор ҳам баъд аз поёни марҳалаи якчаҳоруми ниҳоии ин мусобиқот дар минтақаи ғарб, таркиби 11 нафариро мунташир кард, ки дар ин таркиб 6 бозикун аз “Персеполис” ҳузур доранд то беҳтарини амалкард ба сӯди намояндаи Эрон сабт шавад.
Ҳомиди Лак, Муҳаммадҳусайни Канъонизодагон, Саиди Оқоӣ, Камоли Комёбиниё, Башор Расан ва Исо Оли Касир 6 бозикуни тими “Персеполис”-и Эрон ҳастанд, ки дар ин таркиб ҳузур доранд.
Абдуллоҳ Моду, Султон Ал Ғаном, Холид Ал Ғаном, Абдулмоҷид Ал Сулайҳим ва Pete Martinez ҳам панҷ бозикуни дигари ин таркиб ва аз тими Ал Нусраи Арабистон ҳастанд.
Тимҳои футболи “Персеполис” ва “Ал Насра” имрӯз (шанбе) дар марҳалаи ниманиҳоии мусобиқоти Лигаи қаҳрамонони Осиё ба масофи ҳам мераванд.