Эрон: барои поёни даргирии Қарабоғ нақша омода кардаем
(last modified Mon, 05 Oct 2020 11:15:44 GMT )
Октябр 05, 2020 16:15 Asia/Dushanbe
  • Эрон: барои поёни даргирии Қарабоғ нақша омода кардаем

Сухангӯи Вазорати умури хориҷаи Эрон гуфт, ки Эрон нақшаеро омода кардааст то ҷанги Ҷумҳурии Озарбойҷон ва Арманистон ҳарчи зудтар поён ёдаб.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои  Хуросон, сухангӯи  Вазорати умури хориҷаи Эрон Саид Хатибзода рӯзи душанбе дар нишасти хабарӣ, дар бораи даргирӣ миёни Ҷумҳурии Озарбойҷон ва Арманистон гуфт: мунозиъаи Қарабоғ роҳи ҳалли низомӣ надорад ва тарҳи Эрон барои ҳалли ин мунозиъа , дар чорчӯби ҳифзи тамомияти арзии Ҷумҳурии Озарбойҷон, хуруҷи нерӯҳои низомӣ ва оғози музокирот аст .
Хатибзода гуфт: "Эрон яке аз камтарин фаъолонест, ки бо ҳама ҳизбҳо ва фаъолони ин масъала, ҳам ҷалбшуда ва ҳам ҳизбҳои минтақавӣ муносибати хуб дорад."
Сухангӯии Вазорати умури хориҷаи Эрон  бори дигар таъкид кард ҳама бояд кӯмак кунанд оташи даргирии Қарабоғ хомӯш шавад .
Муноқишаи Ҷумҳурии Озарбойҷон ва Арманистон дар бораи минтақаи Қарабоғ  соли 1988 оғоз шуд .
Даври ҷадиди ин даргириҳо низ аз 27 сентябри 2020 оғоз шудау то кунун шуморе аз нерӯҳои ду тараф  кушта ва ё захмӣ шудаанд .