Узрхоҳии Арманистону ҷумҳӯрии Озарбойҷон аз Эрон
Ҷонишини фармондеҳи нерӯи интизомии Эрон гуфт:Ҷумҳӯрии Озарбойҷону Арманистон ба далели шиллики иштибоҳии мушаку гулӯла ба самти Эрон , узрхоҳӣ карданд.
Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз ИРНА, сардор Қосими Ризоӣ бо ишора ба даргирии ду кишвари ҷумҳӯрии Озарбойҷону Арманистон , табодули оташи тарафҳои даргириро нохушоянд донист ва афзуд : Беш аз 28 сол бар сари Қарабоғ муноқиша вуҷуд дорад, ки бар асари ин масъала бархе аз шаҳрвандони ду кишвар кушта мешаванд ва ин мавзӯъ барои мо нороҳаткунанда аст.
Сардор Ризоӣ афзуд : Ҳангоми табодули оташ , мушакҳову гулӯлаҳои даргирӣ ба хоки Эрон бархурд мекунад, ки марзбонони мо тибқи вазифа ба ду тараф ҳушдор доданд .
Вай гуфт:Тарафҳои даргирии Қарабоғ аз Эрон бобати ҳамлаҳои нохоста узр хостанд ва афзуд,ки ду кишвари Озарбойҷону Арманистон қавл доданд, ки ин иттифоқ дигар науфтад .
Ҷонишини фармондеҳи нерӯи интизомии Эрон ҳамчунин гуфт:Марзнишинони мо бо оромишу амнияти зиндагии рӯзмарраи худро пай мегиранд, аммо аз нигоҳи инсондӯстона нигарони он тарафи марзҳо ҳастанд .