Рӯҳонӣ: Иҷозаи ҳузури террористҳоро дар марзҳои худ намедиҳем
Раиси Ҷумҳурии исломии Эрон гуфт: “Ба сароҳат ба масъулони кишварҳои ҳамсоя эълом кардаем, иҷозаи ҳузури террористҳоро дар манотиқи марзии худ намедиҳем”.
Ҳасани Рӯҳонӣ рӯзи чаҳоршанбе дар ҷаласаи ҳайати давлати Эрон гуфт, дар гуфтугӯ бо мақомҳои аршади Озарбойҷону Арманистон бар ҳифзи тамомияти арзии ҷумҳурии Озарбойҷон таъкид шуд, аммо Эрон муътақид аст ҳеч масъалае аз тариқи даргирӣ ва ҷанг ҳал намешавад ва бояд роҳҳои дигареро ҷустуҷӯ кард ва Теҳрон дар ин замина омодагӣ дорад”.
Раиси Ҷумҳурии исломии Эрон ҳамчунин дар бораи табдили ҷанг миёни Арманистон ва ҷумҳурии Озарбойҷон ба ҷанги минтақаӣ ҳушдор доду гуфт: Касоне, ки дар пайи шиддат ёфтани ин даргирӣ ҳастанд, тавваҷуҳ дошта бошанд, ки идомаи он ба нафъи ҳеч кишваре нест ва бояд ин ҷанг аз тариқи сиёсӣ поён ёбад.
Рӯҳонӣ таъкид кард, Эрон иҷоза намедиҳад иддае ба баҳонаҳое, террористҳоеро ки ҷумҳурии исломӣ дар тӯли солиёни дароз бо онҳо дар Сурия ҷангидааст, ба нуқоти марзии Эрон биоваранд.
Раиси ҷумҳурии Эрон ибрози умедворӣ кард, бо талошҳое ки анҷом мегирад, субот ба минтақаи Қарабоғ бозгардад.