Ёддошти расмии эътирози Эрон ба Ҷумҳурии Озарбойҷон ва Арманистон
Вазорати умури хориҷаи Эрон дар ёддошти расмӣ, эътирози шадиди Ҷумҳурии Исломиро дар мавриди партоби мушакҳо ба қаламрави Эрон ба Ҷумҳурии Озарбойҷон ва Арманистон иблоғ кард.
Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, сухангӯи вазорати умури хориҷаи Эрон Саид Хатибзода рӯзи чаҳоршанбе дар ҷамъи хабарнигорон бо ишора ба исобати гулӯлаҳои шиллик шуда аз хоки Ҷумҳурии Озарбойҷон ва Арманистон ба хоки Эрон гуфт: илова бар пайгирии мавзӯ аз сӯи марзбонони Эрон дар дидор бо марзбонони Ҷумҳурии Озарбойҷон ва Арманистону ироаи номаи эътирози расмӣ дар ин замина, Вазорати умури хориҷаи Эрон низ дар ёддошти расмӣ дар хусуси нақзи тамомияти сарзаминӣ ва ҳамчунин салби амнияту хисороти молӣ ба шаҳрвандони Эронӣ, эътирози шадиди давлатро ба Ҷумҳурии Озарбойҷон ва Арманистон иблоғ кардааст .
Хатибзода бо таъкиди муҷаддад бар ин ки Ҷумҳурии Исломии Эрон аз амнияти атбоъи худ ба ҳеч ваҷҳ чашмпушӣ нахоҳад кард афзуд : Теҳрон аз Боку ва Ереван хост дар партави равобити дӯстона ва усули ҳусни ҳамҷаворӣ, зимни эҳтиром ба ҳокимияту тамомияти сарзамини Ҷумҳурии Исломии Эрон , тамомии иқдомоту тадобири амниятии лозимро барои ҷилавгирӣ аз такрори ин гуна ҳаводиси ғайриқобилии қабул дар назар гиранд .
Дар рузҳои ахӣир, даргириҳо миёни Ҷумҳурии Озарбойҷон ва Арманистон ба исобати теъдодии ракету хумпораи тарафайни мунозиъа ба теъдоде аз рустоҳо ва манотиқи ҳамҷавор бо марзи ин ду кишвар дар Эрон ва маҷрӯҳ шудани як кӯдаки панҷсолаи эронӣ мунҷар шудааст .