Октябр 08, 2020 17:42 Asia/Dushanbe
  • Шиносоии беш аз чаҳор ҳазор бемори дигари Ковид - 19 дар Эрон

Cухангӯи Вазорати беҳдошт , дармон ва омӯзиши пизишкии Эрон аз шиносоии беш аз чаҳор ҳазор бемори ҷадиди Ковид -19 хабар дод .

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон,  "Симо  Содот  Лорӣ » сухангӯии Вазорати беҳдошти Эрон  рӯзи панҷшанбе дар бораи охирин омори мубталоён ба вируси корона дар кишвар гуфт : бар асоси меъёрҳои қатъии ташхисӣ , дар 24 соати гузашта , чаҳор ҳазору 392 бемори ҷадиди мубтало ба Ковид-  19 дар Эрон шиносоӣ шуд, ки аз ин теъдоди 2 ҳазору 52 нафар бистарӣ шуданду ба бақияи беморон низ ба   сурати сарпоӣ хадамот  ироа шуд .

Лорӣ бо баёни ин ки маҷмӯи беморони Ковид- 19 дар Эрон ба 488 ҳазору 236 нафар расидааст , афзуд :  муттаассифона дар 24 соати гузашта , 230 нафар аз беморони   Ковид-  19 ҷони худро аз даст доданду маҷмӯи ҷонбохтагони ин беморӣ дар кишвар ба 27 ҳазору 888 нафар расидааст .

Ба гуфтаи сухангӯии Вазорати беҳдошти Эрон , то кунун 399 ҳазору 300 нафар аз беморон беҳбуд ёфта ва аз бемористонҳо мурраххас шудаанд .

Теъдоди афроди мубтало ба вируси корона дар ҷаҳон низ ба беш аз 36 миллион нафар расидааст, ки аз ин теъдод  дасти кам  як миллион нафар  ҷони худро аз даст доданд ва ҳудуди 27 миллион нафар  ҳам беҳбуд ёфтаанд.

Барчасп