Васфи соддазистии Имом Хумайнӣ (раҳ.) дар баёни нахуствазири Покистон
https://parstoday.ir/tg/news/iran-i58185-Васфи_соддазистии_Имом_Хумайнӣ_(раҳ.)_дар_баёни_нахуствазири_Покистон
Нахуствазири Покистон хитоб ба мардуми ин кишвар бо баёни вижагиҳои боризи имом Хумайнӣ (раҳ.), бунёнгузори кабири Ҷумҳурии Исломии Эрон, соддазистии эшонро улгӯи муҳим барои мардуми Покистон донист.
(last modified 2025-01-16T07:54:01+00:00 )
Октябр 10, 2020 12:16 Asia/Dushanbe
  • Васфи соддазистии Имом Хумайнӣ (раҳ.) дар баёни нахуствазири Покистон

Нахуствазири Покистон хитоб ба мардуми ин кишвар бо баёни вижагиҳои боризи имом Хумайнӣ (раҳ.), бунёнгузори кабири Ҷумҳурии Исломии Эрон, соддазистии эшонро улгӯи муҳим барои мардуми Покистон донист.

Ба гузориши ИРНА, Имрон ‌Хон рӯзи ҷумъа дар суханронии худ дар маҷмаи ҳуқуқдонон ва фаъолони сиёсӣ дар шаҳри Ислом‌обод, аз имом Хумайнӣ (раҳ.) ба унвони раҳбари бузург ва беназир ёд кард ва гуфт, бунёнгузори кабири Ҷумҳурии Исломии Эрон, ҳаргиз зиндагии муҷаллал ва ё иқдомоти ташрифотӣ надоштанд, балки эшон дар айни содазистӣ ва бо ишқу алоқаи мардуми Эрон ба ватани худ бозгаштанд.

Нахуствазири Покистон хитоб ба мардум бавижа фаъолони арсаи сиёсат дар ин кишвар таъкид кард, шахсияти бунёнгузори кабири Ҷумҳурии Исломии Эрон қобили муқоиса бо ҳеч шахс ё раҳбари дигаре нест.

Имрон Хон афзуд, имом Хумайнӣ (раҳ.) шеваи ҳукуматмадориро мутобиқи арзишҳои исломӣ танзим карда буданд.

Нахуствазири Покистон дар айни ҳол таъкид кард, давлаташ, муборизаи бечуну чаро бо фасодро идома медиҳад ва ҳаргиз дар баробари муфсидон ва муттаҳамони марбӯт ба парвандаҳои калони ихтилос, таслим намешавад.