Октябр 10, 2020 13:05 Asia/Dushanbe
  • Вокуниши вазорати хориҷаи Эрон ба беадабии Трамп

Сухангӯи вазорати хориҷаи Ҷумҳурии Исломии Эрони бомдоди шанбе дар вокуниш ба густохии ҷадиди Доналд Трамп алайҳи Ҷумҳурии Исломии Эрон гуфт, мардуми Эрон аз алфози қулдурмаобонаи режими шикасти хурда ва беқонӯни Иёлоти Муттаҳида намеҳаросанд.

Ба гузориши ИРНА, Саъиди Хатиб‌зода дар “Твиттер” навишт, ин мардуми Эрон ҳастанд, ки посӯх ба ҷиноёти Амрико аз ҷумла таҳримҳои ҷунуномез ва террори ҷинояткоронаи сардор Сулаймонӣ, душмани шумораи як ДИИШ-ро интихоб мекунанд.

Сухангӯи вазорати хориҷаи Ҷумҳурии Исломии Эрон таъкид кард, ки мардуми Эрон аз ҳеч коре барои дифо аз иззати худ фурӯгузор нахоҳанд кард.

Раисиҷумҳури Амрико рӯзи ҷумъа дар гуфтугӯи радиоӣ бо истифода аз адабиёти сахиф бори дигар ба таҳдиди Эрон пардохт.

Тромп дар ин гуфтугӯ изҳороти вақеҳонаи худ алайҳи Эронро такрор ва муддаӣ шуд, давлаташ дар бораи ҳар гуна иқдом алайҳи Амрико ба Ҷумҳурии Исломии Эрон ҳушдори ҷиддӣ додааст.

Истифодаи раисиҷумҳури Амрико аз алфози ракик дар ин мусоҳиба, умқи асабоният ва ҳамчунин нокомии сиёсати фишори ҳаддиаксарии вай, алайҳи мардуми Эронро нишон дод.

Расонаҳо ва фаъолони сиёсӣ дар Амрико пас аз пахши ин мусоҳиба, аз Трамп ба унвони фарде «баддаҳон» ном бурданд.

Раисиҷумҳури Амрико пеш аз ин низ аз бими интиқоми сахти Ҷумҳурии Исломии Эрони борҳо ба раҷазхонӣ алайҳи Эрон пардохта буд.

 

Барчасп