Филму тасовири ойини хоксупории зиндаёд устод Шаҷариён дар Машҳад
Бо поёни маросими хоксупории пайкари устод Шаҷариён, ҳамсоягии ин устоди номии овози Эрон бо адибони машҳӯри Эронзамин ҳамчун шоири муосир ва ҳамшаҳрии вай Меҳдии Ахавони Солис, Гулчини Маъонӣ, Имоди Хуросонӣ, Забеҳуллоҳи Соҳибкор, Муҳаммади Қаҳрамон ва гули сарсабади ҳамаи онҳо яъне ҳакими фарзонаи Тӯс, Абулқосими Фирдавсӣ оғоз шуд.
Шаҳри бостонии Тус, ки қидматаш ба пеш аз даврони исломӣ боз мегардад дар тӯли таърих маҳали зойишу парвариши афзӯн бар 500 нафар аз бузургони Эронзамин ҳамчун Фирдавсии Тусӣ, Хоҷа Насриддини Тусӣ, Шайхи Тӯсӣ, Хоҷа Низомулмулки Тусӣ ва Имом Муҳаммади Ғаззолӣ буда, ки шӯҳрат ва овозаи онҳо ҷаҳонӣ ва фаротар аз марзҳои Эрон аст.
Акнӯн хусрави овози Эрон зиндаёд Муҳаммадризо Шаҷариён, ки дар густараи тамаддунии Эрон ва кишварҳои форсизабон ҳамчун Тоҷикистон ва Афғонистон ва дигар кишварҳои ҷаҳон чеҳраи шинохта шудааст ба ҷамъи хуфтагон дар хоки Тус пайваст.
Филме, ки мушоҳида мекунад марбӯт ба иҷрои таснифи машҳӯри “мурғи саҳар” бо садои Ҳумоюни Шаҷариён, писари бузурги устоди Муҳаммадризо Шаҷариён ва ҳамхонии ҷамъии ҳозирон дар маросими хоксупорӣ аст.





