Арабистон дар ҳарос аз иттиҳоми ҷинояти ҷангӣ, ҷиноят дар Яманро пазируфт
Муовини сиёсии дафтари раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон гуфт: Арабистон дар ҳарос аз иттиҳоми ҷинояти ҷангӣ ва нақзи муоҳидаҳои байналмилалӣ, саранҷом ба таври расмӣ ҷиноят дар Яманро пазируфт.
Ба гузориши рӯзи чаҳоршанбеи ИРНА, Ҳамиди Абутолибӣ - муовини сиёсии дафтари раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон дар вокуниш ба ҷинояти режими Оли Сауд дар Яман ва номаи таассуфи ин режим ба Шӯрои амният афзуд: Арабистон бо эътироф ба шикаст ва таваққуфи ҳамлаҳо ба Яман, монеи фурӯ рафтани бештар дар ботлоқи ҷинояти ҷангӣ ва додгоҳи байналмилалӣ шудааст.
Абутолибӣ гуфт: Арабистон дар нома ба Шӯрои амният, бо ваъдаи таҳқиқ дар бораи ҷинояти ахири ҳамла ба маҷлиси хатми падари вазири пешини кишвари Яман, қавл додааст, ҳама абъоди кушторро баррасӣ карда ва натоиҷи онро ба зудӣ мунташир кунад.
Ҳавопаймоҳои ҷангии Саудӣ шанбеи гузашта (8 октябр) маросими тарҳими падари вазири пешини кишвари Яман дар Санъоро бомбаборон карданд, ки бар асари он, беш аз 700 нафар кушта ва захмӣ шуданд.