Хатибзода: Ҳокимони Амрико муқобили Эрон дучори шикасти таърихӣ шудаанд
Сухангӯи Вазорати умури хориҷаи Эрон бо баёни ин, ки ҳокимони Амрико муқобили Эрон дучори шикасти таърихӣ шудаанд таъкид кард, то изъони расмии амрикоиҳо ба ин шикаст, замони зиёде намондааст.
«Саид Хатибзода» сухангӯи Вазорати умури хориҷаи Эрон рӯзи якшанбе дар гуфтугӯ бо як барномаи радиоӣ, бо таъкид бар ин ки шикаст дар рафтори Иёлоти Муттаҳида комилан мушаххас аст гуфт, Амрико тамомии тавони худро барои шикасти Эрон анҷом додааст, аммо Теҳрон иҷозаи надод, ки онҳо ҳатто каме эҳсоси пирӯзӣ кунанд .
Хатибзода ҳамчунин бо ишора ба таҳримҳои Амрико алайҳи Эрон дар ҳавзаи дору тасреҳ кард, таҳрими доруии Эрон ҷиноят алайҳи башарият асту тамомии ширкатҳо ва ниҳодҳои масъул дар Эрон бо тамоми қувва кор мекунанд, то бо тавлиди дору, ниёзи дохилиро таъмин кунанд .
Сухангӯии Вазорати умури хориҷаи Эрон дар бораи таҳрими 18 банки кишвар аз сӯи Амрико низ изҳор кард, амалкарди таҳримҳои ҷадиди Амрико алайҳи Эрон бештар равонӣ асту худашон ҳам медонанд, ки бо ин таблиғот касе ҳарфашонро бовар намекунад .
Хатибзода ҳамчунин бо ишора ба иҳонати ахӣири « Доналд Трамп » Раиси Ҷумҳурии Амрико ба мардуми Эрон гуфт, рафторҳои Трамп дар сиёсати байналмилал намуна надорад ва адабу фарҳанги Эрон ба мо иҷоза намедиҳад тавҳини ӯро бо ҳамин беадабӣ посух диҳем.
Сухангӯи Вазорати умури хориҷаи Эрон хотирнишон кард, таҳқири Трамп ба мардуми Эрон аз рӯи тарс аст .