Шиносоии беш аз чаҳор ҳазор мавриди ҷадиди Ковид -19 дар Эрон
https://parstoday.ir/tg/news/iran-i58300-Шиносоии_беш_аз_чаҳор_ҳазор_мавриди_ҷадиди_Ковид_19_дар_Эрон
Сухангӯи Вазорати беҳдошт, дармон ва омӯзиши пизишкии Эрон аз шиносоии беш аз чаҳор ҳазор бемори ҷадиди Ковид -19 хабар дод.
(last modified 2025-10-08T05:00:18+00:00 )
Октябр 13, 2020 14:17 Asia/Dushanbe
  • Симо Содот Лорӣ, сухангӯи Вазорати беҳдошт, дармон ва омӯзиши пизишкии Эрон
    Симо Содот Лорӣ, сухангӯи Вазорати беҳдошт, дармон ва омӯзиши пизишкии Эрон

Сухангӯи Вазорати беҳдошт, дармон ва омӯзиши пизишкии Эрон аз шиносоии беш аз чаҳор ҳазор бемори ҷадиди Ковид -19 хабар дод.

Симо Содот Лорӣ рӯзи сешанбе дар бораи охирин омори беморони Ковид 19 дар Эрон ба хабарнигорон гуфт, бар асоси меъёрҳои қатъии ташхисӣ, дар 24 соати гузашта чаҳор ҳазору 108 бемори Ковид 19 шиносоӣ шуд, ки аз ин теъдод ҳазору 949 нафар бистарӣ шуданду ба бақияи беморон низ хадамоти мавриди ниёзашон ироа шуд.

Лорӣ гуфт: Маҷмӯи беморони Ковид 19 дар Эрон ба 508 ҳазору 389 нафар расидааст, ки то кунун 411 ҳазору 840 нафар аз онон беҳбуд ёфтаву аз бемористонҳо мурраххас шудаанд.

Вай афзуд, муттаассифона дар 24 соати гузашта 254 нафар аз беморони Ковид 19 ҷони худро аз даст доданд ва маҷмӯи ҷонбохтагони ин беморӣ дар Эрон ба 29 ҳазору 70 нафар расидааст.

Теъдоди афроди мубтало ба вируси корона дар ҷаҳон низ ба беш аз 38 миллион нафар расидааст, ки аз ин теъдод дастикам як миллион нафар ҷони худро аз даст додаву ҳудуди 29 миллион нафар ҳам беҳбуд ёфтаанд.

Мавзӯҳои муртабит:

Ваксинаи эронии корона ба марҳилаи озмоиши инсонӣ расид

Ковид 19

Камтар биринҷ бихӯред то корона нагиред + филм