Октябр 16, 2020 18:08 Asia/Dushanbe
  • Тавсеаи равобити Эрон ва Покистон
    Тавсеаи равобити Эрон ва Покистон

Комиссиюни муштараки ҳамкориҳои иқтисодии Эрон ва Покистон бо ҳадафи тақвияти муносиботи иқтисодии дуҷониба баргузор шуд.

Ин нишаст, ки шомгоҳи панҷшанбе ба сурати видеоӣ ва ба раёсати Шаҳроми Одамнажод, муовини ҳамлунақли Вазорати роҳу шаҳрсозии Эрон ва Эъзоз Дор, муовини Вазорати иқтисод ва дороии Покистон баргузор шуд, дар бораи мавзӯоти мухталифи тиҷорӣ, бозаргонӣ, бонкӣ, молӣ, гумрукӣ, сармоягузорӣ, санъат, фанноварии иттилоот ва иртиботот, омӯзишу парвариш, улуму фанноварӣ, мероси фарҳангӣ ва гардишгарӣ, иртиботи бандарҳо, киштиронӣ, умури дарёӣ ва ҳамлунақли роҳи оҳану ҷоддаӣ табодули назар шуд.

Ташкили кумитаҳои дуҷонибаи фаннӣ дар ҳавзаҳои фанноварии иттилоот, гумрукӣ, масоили марзӣ, утоқҳои бозаргонӣ, кумитаи муштараки сармоягузорӣ ва ҳамлунақли рейлӣ то як моҳи оянда ва баргузории бистуякумин комиссиюни муштараки ҳамкориҳои иқтисодӣ дар се моҳи оянда аз тафоҳумоти муҳими ин нишаст буд.

 

 

 

Барчасп