Маҳдудиятҳои Эрон дар хариду фурӯши силоҳ поён ёфт
(last modified Sun, 18 Oct 2020 05:07:22 GMT )
Октябр 18, 2020 10:07 Asia/Dushanbe
  • Вазорати хориҷаи Эрон: тибқи қатъномаи 2231 СММ маҳдудиятҳои таслиҳотӣ аз 18 октябр лағв шуд
    Вазорати хориҷаи Эрон: тибқи қатъномаи 2231 СММ маҳдудиятҳои таслиҳотӣ аз 18 октябр лағв шуд

Вазорати хориҷаи Ҷумҳурии Исломии Эрон бо интишори баёнияи расмӣ дар хусуси поёни маҳдудиятҳои таслиҳотии Эрон таъкид кард, аз имрӯз, Ҷумҳурии Исломии Эрон метавонад ҳар гуна силоҳ ва таҷҳизоти лозимро аз ҳар манбае, бидуни маҳдудияти қонунӣ ва сирфан бар асоси ниёзҳои дифоии худ, таҳия кунад ва ҳамчунин метавонад бар мабнои сиёсастҳои худ таслиҳоти дифоӣ содир кунад.

Ба гузориши  ИРНА, дар ин баёния омадааст: “Имрӯз, як рӯзи бисёр муҳим барои ҷомеаи ҷаҳонӣ аст, ки бар хилофи талошҳои режими Иёлоти Муттаҳида, аз қатъномаи 2231 Шӯрои амнияти Милали Муттаҳид ва БарҶом сиёнат(нигаҳдорӣ) кардааст”.

Ин баёния меафзояд, бар асоси яке аз навовариҳои Бар Ҷом, поёни қатъӣ ва бидуни қайду шарти маҳдудиятҳои таслиҳотӣ ва мамнӯиятҳои мусофиратӣ, мусталзими ҳечгуна тасвиби қатъномаи  ҷадиде нест ва ҳеч ниёзе ба судури баёния ва ё ҳеч иқдоми дигаре аз сӯи Шӯрои амнияти Милал муттаҳид надорад.

Вазорати хориҷаи Ҷумҳурии Исломии Эрон дар идома санги бинои сиёсати хориҷиашро радди султа ва фишор дар ҳар шакли он тавсиф ва таъкид кард, таҳмили ҳар гуна маҳдудият ҳечгоҳ аз ҷониби Эрон ба расмият шинохта нашудааст.

Дар ин баёния бо ишора ба ин ки докторинаи дифоии Эрон бар пойдории азими мардум ва тавонмандиҳои бумӣ устувор аст, омадааст, Ҷумҳурии Исломии Эрон бо такя бар қобилиятҳо ва зарфиятҳои бумӣ, ниёзҳои дифоии худро таъмин кардааст,  ин докторина ҳамчунон меҳвари аслӣ ва асосии кулияи иқдомоти Ҷумҳурии Исломии Эрон дар ҳифзи қудрати дифоӣ буда ва хоҳад буд.

Дар поёни ин баёния омадааст, Иёлоти муттаҳида, ки найрангҳои ғайриқонӯнӣ ва бадхоҳонаи он дар талош барои нақзи ҳарчӣ бештари қатъномаи Шӯрои амният, дар тӯли се моҳи гузашта чандин бор тавассути Шӯрои амният ба таври қотеъ рад шудааст, бояд равияи мухарриби худро дар қиболи қатъномаи 2231 раҳо карда ба пойбандии комил ба тааҳҳудоти худ бар асоси Маншури Милал муттаҳид бозгардад, иқдомоти муғойир бо ҳуқуқи байналмилал ва нодида гирифтани назми байналмилалиро мутаваққиф намояд ва аз доманзадан ба бесуботӣ дар минтақаи ғарби Осиё иҷтиноб варзад.

Бо вуҷӯди ташдиди талошҳои чанд моҳи ахири Амрико барои тамдиди маҳдудиятҳои таслиҳотии Эрон мундариҷ дар қатъномаи 2231 ва тавассул ба роҳкорҳои мухталиф аз қатъномаи пешниҳодӣ дар Шӯрои амнияти Созмони милал гирифта то лобӣ ва эъмоли фишор бар бархе кишварҳо барои ҳамроҳӣ бо он ба манзури ҷилавгирӣ аз лағви ин маҳдудиятҳо, ин маҳдудиятҳо бомдоди имрӯз (якшанбе) 18 октябр дар панҷумин солгарди БарҶом ба сурати худкор бардошта шуд.

бештар бихонед:

Рӯҳонӣ : 10 соли таҳрими золимона якшанбеи оянда рафъ мешавад