Октябр 18, 2020 11:29 Asia/Dushanbe
  • Ивашов: якҷонибагароии Амрико дар ҷаҳон бо мушкили рӯ барӯ шуд
    Ивашов: якҷонибагароии Амрико дар ҷаҳон бо мушкили рӯ барӯ шуд

Раиси Академияи мутолиоти геополитикии Русия гуфт, поёни маҳдудияти таслиҳотии Эрон ба якҷонибагароии Амрико зарбаи сангин ворид кард.

Ба гузориши ИРНА, Леонид Ивашов афзуд, муқобилаи муваффақи Эрон бо талошҳои Амрико барои тамдиди маҳдудияти таслиҳотии Теҳрон, убуҳати абарқудратии ин кишварро дарҳам шикаст..

Вай бо ишора ба иқдомоти Амрико дар се моҳи ахир дар СММ барои ҷилавгирӣ аз поёни маҳдудияти таслиҳотии Эрон изҳор кард, Амрико тамоми имконоти дипломатии худро барои фишор бар кишварҳои муттаҳиди худ ва ҳамроҳ кардани ин кишварҳо дар тамдиди маҳдудияти таслиҳотии Эрон ва бозгардондани таҳримҳои пешин дар мавриди ин кишвар мутамаркиз карда буд.

Ин коршиноси рус гуфт, бо ин вуҷӯд Амрико натавонист ба муваффақияте дар мавриди Эрон даст ёбад ва ин нишон медиҳад, ки бисёре аз кишварҳо ҳатто муттаҳидони наздики Амрико аз зӯргӯии ин кишвар ва нақзи қавонин ва қарордодҳои байналмилалӣ хаста шуда ва аз ин  иқдомот ба сутӯҳ омадаанд.

Раиси Академияи мутолиоти геополитикии Русия муътақид аст, ки шикасти Амрико дар масъалаи маҳдудияти таслиҳотии Эрон боис хоҳад шуд, ки иқдомоти якҷонибагароёнаи Вашингтон дар мавзӯоти дигар дар арсаи байналмилалӣ бо мушкил бархӯрд кунад ва кишварҳо ин шеваи нодурустро напазиранд.

БЕШТАР БИХОНЕД:

Зариф: Гузинаҳои Эрон дар баробари тамдиди таҳримҳои таслиҳотӣ қотеъ хоҳад буд
Вокуниши Эрон ба тамдиди таҳримҳои таслиҳотӣ шадид хоҳад буд

Барчасп