Сафари Абдуллоҳ Абдуллоҳ ба Теҳрон
(last modified Sun, 18 Oct 2020 07:01:05 GMT )
Октябр 18, 2020 12:01 Asia/Dushanbe
  • Абдуллоҳ дар бораи музокироти сулҳи Афғонистон бо Эрон гуфтугӯ мекунад
    Абдуллоҳ дар бораи музокироти сулҳи Афғонистон бо Эрон гуфтугӯ мекунад

Раиси Шӯрои олии мусолиҳаи миллии Афғонистон субҳи имрӯз якшанбе дар садри ҳайате озими Ҷумҳурии Исломии Эрон шуд.

Абдуллоҳ Абдуллоҳ қарор аст дар ин сафар бо раисиҷумур, вазири умури хориҷа, раиси маҷлис ва дабири Шӯрои амнияти миллии Ҷумҳурии Исломии Эрон дидор ва дар бораи охрин таҳаввулоти Афғонистон, раванди музокироти сулҳ ва зарурати иҷмоъ ва ҳимояти минтақаӣ аз ин раванд гуфтугӯ кунад.

Раиси Шӯрои олии мусолиҳаи миллии Афғонистон пеш аз ин ҳам ба Ҳинд ва Покистон сафар карда буд.

Музокироти сулҳ миёни давлати Афғонистон ва Толибон дар Қатар аз ҳудуди як моҳи пеш оғоз шуда ва то кунун ҳеч дастоварде надошта ва ҳамин мавзӯ боиси нигаронии мардум шудааст.

Огоҳони сиёсии Афғонистон бар ин боваранд, ки нақши Ҷумҳурии Исломии Эрон дар раванди сулҳи Афғонистон роҳгушо аст ва Эрон метавонад дар сулҳ ва таъмини суботи пойдори Афғонистон нақши таъйинкунанда дошта бошад.

 

БЕШТАР БИХОНЕД:

Қадрдонии Абдуллоҳ Абдуллоҳ аз Эрон ба сабаби ҳимоят аз раванди сулҳи Афғонистон
Таъкиди Абдуллоҳ Абдуллоҳ бар ташкили давлати фарогир дар Афғонистон