Филми эронӣ; Барандаи ҷоизаи беҳтарин аниматсия дар ҷашнвораи "Варшава"
(last modified Sun, 18 Oct 2020 12:29:19 GMT )
Октябр 18, 2020 17:29 Asia/Dushanbe
  • Филми эронӣ; Барандаи ҷоизаи беҳтарин аниматсия дар ҷашнвораи

Филми тасвирии эронии "Наҳанги сафед" дар нахустин намоиши байналмилалии худ ҷоизаи беҳтарин аниматсияро дар ҷашнвораи филмҳои Варшаваи Лаҳистон ба даст овард.

Ба гузориши рӯзи якшанбеи ИРНА, сиюшашумин давраи ҷашнвораи филми "Варшава" аз 9 то 18 октябр дар кишвари Полша баргузор шуд ва аниматсияи " наҳанги сафед" ба коргардонии «Амири Меҳрон», ки танҳо намояндаи Эрон дар бахши рақобатии ин рӯйдод буд, ҷоизаи беҳтарин филми аниматсияи ҷашнвораро касб кард .
Ҷашнвораи Варшава дар канори ҷашнвораҳоӣ ҳамчун Канн, Берлин, Венетсия ва Шанхай, ҷузви 15 ҷашнвораи бартари дунё ва мавриди таъйиди маҷмаи ҷаҳонии таҳиякунандагони синамоии ҷаҳон аст .
Аниматсияи эронии " Наҳанги сафед" бо баранда шудани ҷоизаи  филми аниматсияии " Варшава", дар академияи Оскар низ ҳузур хоҳад дошт .
Ин аниматсияи кӯтоҳи даҳ  дақиқаӣ, ривоятгари талоши марди танҳост, ки дар пайи ёфтани дӯстоне аст, ки солиёни пеш дар як ҳамлаи ҳавоӣ аз даст додааст.

Як наҳанги сафед танҳо нишонаест, ки ӯ дорад.