Марзи Эрон ва Ҷумҳурии Озарбойҷон ором аст+видео
Бо барқарории оташбас миёни нерӯҳои Ҷумҳурии Озарбойҷон ва Арманистон авзоъи минтақа ором дунбол мешавад.
Тасовири ихтисосии хабаргузории Эронпресс рӯзи душанбе аз марзи Аслондуз дар вилояти Ардабил то марзи Худоофарин дар устони Озарбойҷони шарқӣ, маҳалле, ки ахиран шоҳиди ҷанги миёни Ҷумҳурии Озарбойҷон ва Арманистон буда, ҳокӣ аз он аст, ки акнун бо барқарории оташбас оромиш дар ин минтақа ҳукмфармост.
Ду кишвари ёдшуда чандин даҳа аст, ки бар сари моликияти минтақаи Қарабоғ бо якдигар ихтилоф доранд.
27 сентябр даргирии миёни низомиёни Ҷумҳурии Озарбойҷон ва Арманистон дар марзҳои муштараки ду кишвар аз сар гирифта шуд ва Вазорати дифои Ҷумҳурии Озарбойҷон бо судури баёнияе, нерӯҳои Арманистонро оғозкунандаи амалиёту нахуствазири Арманистон низ ҷумҳурии Озарбойҷонро оғозкунандаи ҳамла донист.
Дар рӯзҳои ахир, даргириҳо мунҷар ба исобати теъдоде ракету хумпораи тарафайни мунозиъа ба теъдоде аз рӯстоҳо ва манотиқи ҳамҷавор бо марзи ин ду кишвар дар Эрон шудааст, ки бар асари он токунун ду эронӣ аз ҷумла як кӯдаки панҷсола низ маҷруҳ шуданд.
Бештар бихонед: