Октябр 21, 2020 14:02 Asia/Dushanbe
  • Антониу Гутерриш: барои суботи минтақа, мавзӯи адами густариши ҳастаӣ ҳоизи аҳаммият аст
    Антониу Гутерриш: барои суботи минтақа, мавзӯи адами густариши ҳастаӣ ҳоизи аҳаммият аст

Халиҷи Форс ба унвони яке аз манотиқи геостратегии ҷаҳон аз аҳаммияти зиёде дар заминаи иқтисод ва энержии ҷаҳонӣ бархӯрдор аст. Масъалаи амнияти ин ҳавзаи муҳимми обӣ аз дағдағаҳои муҳими Созмони Милали Муттаҳид маҳсуб мешавад. Дар ин росто нишасти маҷози Шӯрои амнияти рӯзи сешанбе бо ибтикори амали Русия ва бо раёсати Сергей Лавров, вазири хориҷаи Русия баргузор шуд.

Дар ин нишаст, Антониу Гутерриш, дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид тавофуқи ҳастаии БарҶомро барои амнияти Халиҷи Форс ҳаётӣ эълом ва зимни таъкид бар лузуми ҳифзи он, гуфт, дар робита бо суботи минтақа, мавзӯи адами густариши ҳастаӣ ҳоиз аҳаммият аст. Аз ҳамон ибтидо, ҳамвора шоҳид будаам, ки БарҶом абзори муҳимме дар муқобили густариши ҳастаӣ ва амнияти минтақаӣ аст.

Таъкиди Гутерриш бар зарурати ҳифзи БарҶом ва иртиботи мустақими он бо амнияти Халиҷи Форс ва дар абъоди густардатари амнияти ғарби Осиё нишондиҳандаи мавзеи мутафовити ин ниҳоди муҳимми ҷаҳонӣ, ки Шӯрои амнияти он вазифаи ҳифзи сулҳу амнияти байналмилалиро ӯҳдадор аст, бо руйкарди зидди БарҶом-ии Амрико аст, ки акнун бо ҳузури низомии густарда дар ҳавзаи Халиҷи Форс ба баҳонаи ҳифзи амнияти он ва низ ҳифозат аз амнияти миллии муттаҳидони минтақаияш амалан дар масири танишзоӣ дар ин минтақа амал мекунад. Ин дар ҳоле аст, ки Эрон мухолифи ошкори ҳузури қудратҳои фароминтақаӣ дар Халиҷи Форс буда ва соли гузашта пешниҳоде барои эҷоди як низоми амнияти минтақаӣ бо ҳузури кишварҳои ҳошияи Халиҷи Форс ироа кард. Муҳамадҷаводи Зариф, вазири хориҷаи Эрон дар нишасти Шӯрои амният бо ишора ба «пӯиши сулҳи Ҳурмуз» изҳор дошт, ин ибтикор муттакӣ ба масъулият ҳар кишвар дар минтақа барои тазмини сулҳ, субот ва рифоҳи ҳамсоягон ва манфиати ҳамагон аз он аст.

Дар айни ҳол тавофуқи ҳастаии БарҶом нақши муҳимме дар амнияти Халиҷи Форс дорад. Ҳамаи аъзои гуруҳи 4+1 ҳам аз тайфи шарқии он, яъне Русия ва Чин ва тайфи ғарбӣ, яъне Фаронса, Олмон, Британия ва Иттиҳодияи Аврупо низ бо Гутерриш дар ин замина ҳамназар ҳастанд. Онҳо бар ин ақидаанд, ки БарҶом намунаи комили як тавофуқи муҳимми байналмилалӣ дар ростои ҳифзи сулҳ ва амнияти минтақаӣ ва ҷаҳонӣ аст. Ба гуфтаи Шарл Мишел, раиси Шӯрои Аврупо, БарҶом камокон яке аз унсури калидӣ барои замонати амнияти минтақа аст. Ин дар ҳоле аст, ки Доналд Трамп, раисиҷумҳури Амрико майи 2018 бо вуҷуди мухолифатҳои ҷомеаи байналмилалӣ ва пойбандии комили Эрон ба тааҳҳудоти БарҶом-ии худ, ба сурати якҷониба аз ин тавофуқи ҳастаӣ хориҷ шуд ва ба манзури таслими Теҳрон ба хостаҳои Вашингтон, шадидтарин таҳримҳои тули таърихро дар чорчӯби корзори фишори ҳаддиаксарӣ алайҳи Эрон эъмол кард.

Масъалаи муҳмим инки давлати Трамп пас аз хуруҷ аз БарҶом ҳаддиаксари талоши худро барои фурупошии ин тавофуқ сурат дода ва мудом муттаҳидони аврупоии худро барои хуруҷ аз Бар Ҷом ва эъмоли муҷаддади таҳримҳои байналмилалӣ алайҳи Эрон таҳти фишор қарор додааст. Бо ин ҳол таъкидҳои мукаррари мақомоти аршади Иттиҳоди Аврупо ва сарони аврупоӣ бар лузуми ҳифзи БарҶом нишондиҳандаи дидгоҳи мутафовити онҳо бо Амрико дар ин замина буда ва акнун БарҶом ба яке аз нуқоти ихтилоф байни ду сӯи Уқёнуси Атлас табдил шудааст. Ба гуфтаи  Муҳаммади Қандӣ, коршиноси сиёсии араб, Амрико дар ростои фуруши таслеҳоти худ дар минтақа ҳамвора ба дунболи эҷоди ошуб ва нооромӣ аст ва БарҶом ин интизороти Амрикоро бароварда намекард. Аъзои тайфи шарқии БарҶом бавижа Русия низ зимни таъкид бар лузуми ҳифзи БарҶом, бар нақши мухарриби Амрико дар арсаи амнияти Халиҷи Форс таъкид кардаанд. Сергей Лавров, вазири хориҷаи Русия дар нишасти маҷози Шӯрои амният бо ишора ба руйкарди Амрико таъкид кард, ки «сиёсатҳои якҷониба дар минтақаи Халиҷи Форс бесамар буда ва сиёсати таҳдид алайҳи як тараф иштибоҳ ва хатарнок аст». Ишораи вай ба руйкарди хасмона ва мубтанӣ бар таҳдиди Амрики алайҳи Эрон аст, ки бавижа дар дусоли ахир ба заъми худ барои ташдиди фишорҳо алайҳи Эрон, мудом бар ҳузури низомии худ дар Халиҷи Форс ва кишварҳои ҳошияи ҷанубии он, афзуда ва ба Эронҳаросӣ доман мезанад.

 

БЕШТАР БИХОНЕД:

Антониу Гутерриш: барои суботи минтақа, мавзӯи адами густариши ҳастаӣ ҳоизи аҳаммият аст
Ҳузури низомии мутаҷовизонаи Амрико дар Халиҷи Форс; омили ноамнӣ дар минтақа

 

Барчасп