Эҳзори сафири Швейтсария дар Теҳрон ба Вазорати корҳои хориҷии Эрон
Сафири Швейтсария ва ҳофизи манофеи Амрико дар Эрон дар эътироз ба иддаои Вашингтон мабни бар дахолати Теҳрон дар интихоботи раёсати Ҷумҳурии Амрико, ба Вазорати хориҷаи Ҷумҳурии Исломии Эрон эҳзор шуд.
"Саид Хатибзода" сухангӯи Вазорати умури хориҷаи Эрон рӯзи панҷшанбе бо эъломи эҳзори сафири Швейтсария ва ҳофизи манофеи Амрико дар Эрон аз тарафи дастёри вазир ва мудирикулли амрикоии Вазорати умури хориҷа, ки дар пайи интишори бархе иддаоҳои беасоси мақомоти Амрико дар хусуси дахолати сойири кишварҳо дар интихоботи пеши рӯ дар ин кишвар сурат гирифт, гуфт, Эрон зимни радди иддаоҳои такрорӣ ва гузоришҳои сохтагӣ, ношиона ва мутаққаллибонаи Вашингтон бори дигар таъкид мекунад, барои Теҳрон ҳеч тафовуте намекунад кадоме як аз ду номзади феълӣ ( Доналд Трамп ва Ҷо Бойден) роҳии Кохи Сафед шавад.
Хатибзода афзуд, режими Амрико ва дастгоҳҳои иттилоотӣ ва амниятии ин кишвар, ки собиқаи тӯлонӣ дар дахолат ва эҷоди ошӯб дар интихоботи дигар кишварҳоро дар парванда дошта ва дар дунёи мутаваҳҳимона ва мутаққаллибонаи худ низ маҳбус ҳастанд, дар остонаи интихоботи раёсати Ҷумҳурии Амрико иддаои беасосеро матраҳ мекунанд то бо фароафканӣ, пружаи ғайридемократи ва сенарияи аз пеш таърифшудаи худро ҷулӯ бибаранд.
Сухангӯи Вазорати умури хориҷаи Эрон хотирнишон кард, дур аз зеҳн нест, ки тарроҳони чунин сенарияҳои баччагонае, ба дунболи инҳирофи тавваҷӯҳот ва афкори умумӣ ва анҷоми таҳрикоти машкук дар остонаи интихоботи раёсати Ҷумҳурии Амрико бошанд.
Хатибзода тасреҳ кард, тавсияи Эрон ба Амрико ин аст, ки даст аз фароафиканиҳои беҳуда, иттиҳомзаниҳои беасос ва сенариясозиҳои машкук, бардошта ва саъй кунад монанди як кишвари оддӣ дар сатҳи равобити байналмилал ва дар иртибот бо кишварҳои дигар амал кунад.
Ҷон Ратклифф, мудири иктишофи миллии Иёлоти Муттаҳида, Эрону Русияро дар кӯшиши дахолат ба интихоботи президентии ИМА айбдор кард.
Интихоботи президентии ИМА 3 ноябри соли 2020 баргузор мешавад.