Октябр 23, 2020 19:01 Asia/Dushanbe
  • 335 бемори Ковид -19 имрӯз дар Эрон ҷон бохтанд
    335 бемори Ковид -19 имрӯз дар Эрон ҷон бохтанд

Беш аз шаш ҳазор бемори ҷадиди мубтало ба вируси корона дар 24 соати гузашта дар Эрон шиносоӣ шуданд ва 335 нафари дигар ҳам ҷон бохтанд.

Вазорати беҳдошт, дармон ва омӯзиши пизишкии Эрон рӯзи ҷумъа дар бораи охирин омори мубталоён ба вируси корона эълом кард: Дар 24 соати гузашта шаш ҳазору 134 бемори ҷадиди мубтало ба Ковид -19 дар Эрон шиносоӣ шуданд, ки аз ин теъдод ду ҳазору 214 нафар аз онҳо бистарӣ шуданд.

Бар ин мабно, маҷмӯи беморони вируси корона дар Эрон ба 556 ҳазору 891 нафар расидааст.

Ҳамчунин дар 24 соати гузашта 335 бемори Ковид -19 ҷон бохтанд ва маҷмӯи ҷонбохтагони ин беморӣ дар Эрон ба 31 ҳазору 985 нафар афзоиш ёфтааст.

То кунун 446 ҳазору 685 нафар аз беморони коронаӣ низ дар Эрон беҳбуд ёфтаанд ва аз бемористонҳо мурраххас шудаанд.

То кунун чаҳор миллиону 658 ҳазору 727 озмоиши ташхиси Ковид -19 дар Эрон анҷом шудааст.

 

 

Барчасп