Зариф: Таҳқиргарони мусалмонон оташи ифротгароиро афрӯхта истодаанд
(last modified Mon, 26 Oct 2020 16:17:44 GMT )
Октябр 26, 2020 21:17 Asia/Dushanbe
  • Зариф: Таҳқиргарони мусалмонон оташи ифротгароиро афрӯхта истодаанд

Вазири корҳои хориҷии Эрон таҳқири 1 миллиарду 900 миллион мусулмон ва муқаддасоти онҳоро ҳамчун сӯиистифодаи фурсатталабона аз озодии баён тавсиф кард.

Ба гузориши радиои тоҷикии садоии хуросон ба нақл аз ИРНА, Муҳаммад Ҷаводи Зариф дар ҳисоби корбарии худ дар Твиттер навишт: "мусулмонон қурбониёни аслии "фирқаи нафрат" [ ваҳобият ] ҳастанд; фирқае, ки режимҳои истеъморгар ба он  қудрат бахшиданд ва бо аъмолшон ба ҳама ҷо содир карданд".

Вай таъкид кард: "тавҳин ба 1, 9 миллиард мусулмон ва муқаддасоти онҳо ба воситаи ҷиноёти ин ифротгароён, сӯъиистифодаи фурсатталабона аз озодии баён аст ва инчунин иқдомоте танҳо бар оташи ифротгароӣ медамад»

Нашрияи фаронсавии « Шарлии Эбдо» чанде пеш карикатурҳои тавҳиномезеро дар бораи Паёмбари мукаррами ислом ( с ) мунташир кард, ки бо ҳимояти Раиси Ҷумҳурии Фаронса ҳамроҳ шуд.

 

Пас аз қатли як омӯзгори таърих дар Париж, ки дар синфҳо тасвирҳои муваҳҳин аз Паёмбар Муҳаммад (с) -ро намоиш медод, Макрон бо пахши ингуна тасвирҳо бо баҳонаи озодии баён пуштибонӣ кард ва таъкид кард, ки кишвараш минбаъд низ дар интишори ин тасвирҳо пуштибонӣ хоҳад кард. Изҳороти Макрон вокунишҳои шадиди миллатҳои мусалмон дар саросари ҷаҳонро ба бор овард.

Бештар бихонед: