Октябр 27, 2020 13:26 Asia/Dushanbe
  • Аввалин ихтироъ дар саноати гардишгарии ҷаҳон ба номи ин муҳаққиқи эронӣ сабт шудааст
    Аввалин ихтироъ дар саноати гардишгарии ҷаҳон ба номи ин муҳаққиқи эронӣ сабт шудааст

Иттиҳодияи байналмиллалии раисони донишгоҳҳои ҷаҳон унвони ҷаҳонии бунёнгузор ва падари илми навини мудирияти гардишгариро ба муҳаққиқи эронӣ Муҳаммадшарифи Маликзода эъто кард.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон; таи ҳукме расмӣ унвони "падари илми навини мудирияти гардишгарии ҷаҳон" ба як муҳаққиқи эронӣ аз сӯи Иттиҳодияи байналмиллалии раисони донишгоҳҳои ҷаҳон бо судури ҳукме Муҳаммадшарифи Маликзода, пижӯҳигари эрониро ба хотири сабти аввалин ихтироъ дар саноати гардишгарӣ ва назарияи MFT   ё гардишгарӣ бо хостаҳои вижа ба унвони бунёнгузор ва падари илми навини мудирияти гардишгарии ҷаҳон муаррифӣ кард.

Дар ин маросим ҳамчунин доктори ифтихории Иттиҳодияи байналмиллалии раисони донишгоҳҳо ва калиди Иттиҳодияи анҷумани раисони донишгоҳҳои ҷаҳон ба сурати намодин ба Муҳаммадшарифи Маликзода эъдо шуд.

Каха Шингилия, раиси Иттиҳодияи байналмиллалии раисони донишгоҳҳои ҷаҳон эъдои ин дараҷаи илмӣ ба Муҳаммадшарифи Маликзодаро ифтихоре барои ин иттиҳодия донист ва ибрози умедворӣ кард бо тавсеаи назарияи MFT  шоҳиди таҳаввуле амиқ дар саноати гардишгарии ҷаҳон бошем.

Муҳаммадшарифи Маликзода, доктори мудирият ва донишёри донишгоҳ аст, ки соҳиби чандин ҷилд китоб ва дорои гувоҳии сабти аввалин ихтироъ дар саноати гардишгарии ҷаҳон бо унвони "Фароянди мудирият, контроли кайфии анвоъи намуди турҳо бо хостаҳои вижа бо таъйини ҷозибаҳо, масирҳо, имконот ва шохисҳои гардишгарӣ" аст.

Бештар бихонед: