Амрико Вазорати нафти Эрон ва вазирони онро таҳрим кард
Вазорати молияи Амрико шомгоҳи душанбе Вазорати нафт, созмонҳои марбута ба он ва вазири нафти Эрон Бижан Номдор Занганаро ба рӯйхати таҳримоти худ ворид кард, ки ба як василаи таблиғоти интихоботӣ табдил ёфтааст.
Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз ИРНА, Вазорати хазонадории Амрико шомгоҳи душанбе дар сайти расмии худ эълом кард, ки дафтари назорати дороиҳои хориҷии ин ниҳод, вазорати нафт, Ширкати миллии нафти Эрон ( NIOC ) ва ширкати миллии нафткаши Эронро ба листи таҳримҳои Вашингтон алайҳи Теҳрон афзудааст.
Вазорати молии Амрико ҳамчунин вазири нафти Эрон Бежани Номдор Зангана, мудиромили ширкати миллии нафти Эрон Масъуди Карбосиён, мудиромили ширкати миллии нафткаши Эрон Насруллоҳи Сардаштӣ ва се нафари дигар аз мудирони аршади нафтии ин кишварро таҳрим кардааст.
Раиси Ҷумҳури Эрон: "Кишвар бидуни вобастагӣ ба нафт идора мешавад
Дафтари назорати дороиҳои хориҷии вазорати молии Амрико ҳамчунин чандин ниҳод ва шахси муртабит бо вазорати нафти Эронро ки дар фурӯши бензин ба Венесуэла нақш доштаанд дар феҳристи таҳримҳо қарор додааст.
Котиби хазинадории Амрико Стивен Манучин бидуни дар назар гирифтани осори шуми терроризми иқтисодии давлати Трамп бар мардуми Эрон ва тадовуми он, ҳатто дар баҳбуҳаи ҳамагирии корона, иддао кард Эрон ҳамчунон ҳимоят аз ниҳодҳои террористӣ ва барномаи ҳастаии худро бар ниёзҳои мардуми Эрон дар авлавият қарор додааст.
Бештар бихонед :