Иддаои Вашингтон дар бораи ҳамлаи ҳакерҳои эронӣ ба вебсайтҳои интихоботи Амрико
(last modified Sat, 31 Oct 2020 09:08:17 GMT )
Октябр 31, 2020 14:08 Asia/Dushanbe
  • Амрико борҳо Эронро ба дахолат дар интихоботи ин кишвар муттаҳам кардааст
    Амрико борҳо Эронро ба дахолат дар интихоботи ин кишвар муттаҳам кардааст

Созмони FBR ва Ожонси амнияти сойберӣ ва ҳифозат аз зерсохти вазорати амнияти дохилии Амрико муддаӣ шуданд, ки ҳакерҳои эронӣ тавонистаанд иттилооти сабти номи раъйдиҳандагонро ҳаддиақал дар як иёлати ин кишвар ба даст оваранд.

Ба гузориши Спутник, ин созмонҳои амрикоӣ иддао кардаанд, ки ҳакерҳои эронӣ аз 20 то 28 сентябр бо истифода аз скан нуқоти осебпазирии веб, вебсайтҳои давлатӣ, аз ҷумла манобеи интихоботиро скан карданд.

Радди иттиҳоми дахолати Эрон дар интихоботи раёсатҷумҳурии Амрико

 

Ҳамчунин талош шудааст, ки аз вебсайтҳо барои ба даст овардани копии иттилооти сабти номи раъйдиҳандагон байни 29 сентябр то 17 октябр истифода шавад.

Дар ин баёния мушаххас нест, ки иттилооти ҳакшуда марбут ба кадоми иёлати Амрико будааст.

Иттилооти миллии Амрико қаблан гузориш дода буд, ки иттилооти сабти номи раъйдиҳандагон ба дасти Эрон ва Русия афтодааст.

Иттилооти миллии Амрико муътақид аст, бозигарони хориҷӣ метавонанд бо истифода аз ин додаҳо ба раъйдиҳандагон иттилооте ироа кунанд, ки боиси эҷоди тардид, ҳарҷу мараҷ ва тазъифи эътимоди онҳо ба интихоботи Амрико шавад.

Интихоботи раёсатҷумҳурии Амрикои сеюми ноябр баргузор мешавад.

БЕШТАР БИХОНЕД:

Помпео Эронро ба талош барои дахолат дар интихоботи Амрико муттаҳам кард

Пекин иттиҳоми дахолат дар интихоботи Амрикоро рад кард

FBR: Русия дар интихоботи 2020 Амрико мудохила мекунад