Раҳбари гурӯҳи террористии "Ал-Аҳвозия" боздошт ва ба Эрон интиқол дода шуд
https://parstoday.ir/tg/news/iran-i58727-Раҳбари_гурӯҳи_террористии_Ал_Аҳвозия_боздошт_ва_ба_Эрон_интиқол_дода_шуд
Яке аз саркардагони гурӯҳи террористӣ ва таҷзияталаби Ал-Аҳвозия дар Туркия боздошт ва ба Теҳрон мунтақил шуд.
(last modified 2025-01-16T07:54:01+00:00 )
Октябр 31, 2020 18:46 Asia/Dushanbe
  • Расонаҳо аз боздошти Ҳабиб Каъбӣ Асевад аз саркардагони террористҳои Ал-Аҳвозия хабар медиҳанд
    Расонаҳо аз боздошти Ҳабиб Каъбӣ Асевад аз саркардагони террористҳои Ал-Аҳвозия хабар медиҳанд

Яке аз саркардагони гурӯҳи террористӣ ва таҷзияталаби Ал-Аҳвозия дар Туркия боздошт ва ба Теҳрон мунтақил шуд.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз пойгоҳи хабарии шабакаи Ал-Олам, Ҳабиб Каъбӣ машҳур ба Ҳабиб Асевад, яке аз раҳбарони гурӯҳи террористии Ал-Аҳвозия ва созмондиҳандаи ҳамла ба паради нерӯҳои мусаллаҳи Эрон дар шаҳри Аҳвоз, маркази вилояти Хузистони Эрон, боздошт шуд ва ба Эрон интиқол дода шуд.

 Ҷинояти гурӯҳи террористии Ал-Аҳвозия дар 22 сентябри соли 2018 дар Аҳвози Эрон 25 кушта ва 60 захмӣ дошт

Ҳодисаи террористии Аҳвози Эрон

Террористҳо 22 сентябри соли 2018 дар ҳошияи баргузории оини реҷаи нерӯҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Аҳвоз, ба самти тамошочиён тирандозӣ карданд, ки дар ин ҳамла 25 нафар шаҳид ва беш аз 60 тан низ захмӣ шуданд.

Сухангӯи гурӯҳи террористии Ал-Аҳвозия Ёқуб Ҳур Тустарӣ як рӯз пас аз ҳодисаи Аҳвоз дар мусоҳиба бо Reuters ва шабакаи телевизионии Бритониёи Эрон International масъулияти ҳамларо бар дӯш гирифт. 

Ду рӯз баъд аз ҳодиса  инз гурӯҳи террористии ДИИШ бо интишори як видео масъулияти ҳамлаи Аҳвозро бар ӯҳда гирифт.

Бештар бихонед: