Октябр 13, 2016 16:57 Asia/Dushanbe
  • Ройзаниҳои Лавров бо Зариф дар бораи таҳаввулоти Сурия

Вазирони умури хорҷии Эрону Русия барои дувумин бор дар 24 соати гузашта дар бораи таҳаввулоти Сурия телефонӣ гуфтугӯ карданд.

Ба гузориши идораи кулли дипломатияи расонаии Вазорати умури хориҷӣ, Сергей Лавров, вазири умури хориҷии Русия дар идомаи тамосу ройзаниҳо дар бораи таҳаввулоти Сурия барои дувумин бор бо Муҳаммадҷаводи Зариф, вазири умури хориҷии Эрон табодули назар кардааст.

Федерико Мугарини, масъули сиёсати хориҷии Иттиҳоди Аврупо ҳам рӯзи чаҳоршанбе дар тамоси телефонӣ бо вазири умури хориҷии Эрон дар бораи таҳаввулоти минтақа, бавижа Сурия гуфтугӯ кард. Мугарини дар бораи лузуми эҳёи фароянди сиёсӣ бо ҳамкории бозигарони калидии байналамилалӣ, минтақаӣ ва Созмони Милали Муттаҳид барои ирсоли кӯмакҳои фаврӣ ба Ҳалаб ва дигар манотиқи таҳти муҳосира дар Сурия бо вазири умури хориҷии Эрон гуфтугӯ кард.

Зариф дар гуфтугӯҳои телефонӣ бо вазири умури хориҷии Русия ва масъули сиёсати хориҷии Иттиҳоди Аврупо бо баёни мавозеи усулии Эрон дар муқобилаи ҳамаҷониба бо терроризм ва гурӯҳҳои террористӣ ба таҳаққуқи оташбаси фаврию пойдор ва ёфтани як роҳҳалли сиёсии фарогир барои ҳалли буҳрони Сурия таъкид кард.