Ноябр 05, 2020 17:21 Asia/Dushanbe
  • Ҷонбохтани 406 нафар аз мубталоён ба вируси корона дар Эрон
    Ҷонбохтани 406 нафар аз мубталоён ба вируси корона дар Эрон

Сухангӯи Вазорати беҳдошт, дармон ва омӯзиши пизишкии Эрон аз шиносоии беш аз 8 ҳазор бемори нави мубтало ба корона ва фавти 406 нафар дар 24 соъати гузашта дар кишвар хабар дод.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, Симосодоти Лорӣ- сухангӯи Вазорати беҳдошти Эрон рӯзи панҷшанбе дар бораи охирин омори мубталоён ба вируси корона дар кишвар гуфт: Бар асоси меъёрҳои қатъии ташхисӣ, дар 24 соъати гузашта, 8 ҳазору 772 бемори нави мубтало ба КОВИД-19 дар Эрон шиносоӣ шуд, ки аз ин теъдод 2 ҳазору 789 нафар бистарӣ шуданд ва ба бақияи беморон низ ба сурати сарипоӣ хадамоте ироа шуд.

Лорӣ бо баёни ин ки маҷмӯи беморони  КОВИД-19 дар Эрон ба 654 ҳазору 936 нафар расидааст, афзуд: Муттаассифона дар 24 соъати гузашта, 409 нафар аз беморони КОВИД-19 ҷони худро аз даст доданд ва маҷмӯи ҷонбохтагони ин беморӣ дар кишвар ба 36 ҳазору 985 нафар расидааст.

Ба гуфтаи сухангӯи Вазорати беҳдошти Эрон, токунун 505 ҳазору 287 нафар аз беморон низ беҳбуд ёфта ва аз бемористонҳо мурраххас шудаанд.

Теъдоди афроди мубтало ба вируси корона дар ҷаҳон низ ба беш аз 48 миллион нафар расидааст, ки аз ин теъдод камаш як миллиону 232 ҳазор нафар ҷони худро аз даст доданд ва беш аз 34 миллиону 773 ҳазор нафар ҳам беҳбуд ёфтаанд.

Бештар бихонед:

 

Барчасп