Ноябр 07, 2020 18:38 Asia/Dushanbe

Раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон ба давлати ояндаи Амрико тавсия кард таслими қонун ва пойбанди тааҳудот бошад.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, Раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон Ҳасан Руҳонӣ рӯзи шанбе дар ҷаласаи ситоди миллии мубориза бо корона, зимни қадрдонӣ аз муқовимат ва истодагии беназири миллати Эрон дар баробари терроризми иқтисодии ҳокимони Кохи сафед, ибрози умедворӣ кард таҳримкунандагон мутаваҷҷеҳ шуда бошанд ба ҳеҷ ваҷҳ ба аҳдофи худ даст нахоҳанд ёфт.

Раиси Ҷумҳурии Эрон ба сарони Кохи сафед тавсия кард бо дарс омӯхтан аз ин таҷриба, таслими қонун ва муқаррарот шаванд ва ба ҳама тааҳудоти худ бозгарданд.

 

Руҳонӣ гуфт: "Миллати Эрон бо муқовимат ва сабурӣ тарафи муқобилро водор ба гардан ниҳодан ба қонун ва муқаррарот хоҳад кард."

Раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон ҳамчунин бо ишора ба ҳамагирии корона ва мушкилоте, ки ин беморӣ эҷод карда гуфт: Барои иҷрои дақиқтар ва шадидтари протоколҳои беҳдоштӣ ниёз аст то тамҳидоте бештарро мадди назар қарор дод.

 

Бештар бихонед:

Барчасп