Октябр 13, 2016 18:34 Asia/Dushanbe
  • Таҳвили мӯшакҳои русии

Русия эълом кард, ки мӯшакҳои "С-300"-ро ба таври комил ба Эрон таҳвил додааст.

Ба гузориши хабаргузории "Форс", хабаргузории русии ОИР "Новости" навиштааст, ки Созмони содироти таслиҳоти Русия эълом кардааст, ки раванди таҳвили мӯшакҳои "С-300"-и русӣ ба Эрон такмил шудааст.

Мувофиқати Русия бо таҳвили мушакҳои "С-300" ба Эрон боиси бурузи нигаронӣ дар режими саҳюнистӣ шудааст.

Маскав дар соли 2010 таҳти фишор Ғарб қарордоди фурӯши "С-300"-ро бо Эрон лағв карда буд. Бо ин ҳол, Владимир Путин бо судури дастуре дар апрели соли 2016 мамнӯият фурӯши "С-300"-ро ба Эрон поён дод.