Хурокиҳои муфид барои пешгирӣ аз пукии устухон
https://parstoday.ir/tg/news/iran-i59008-Хурокиҳои_муфид_барои_пешгирӣ_аз_пукии_устухон
Таҳқиқоти ҷадид нишон медиҳад миёни пукии устухон ва камбуди манязиюм дар бадан, иртиботи наздике вуҷуд дорад.
(last modified 2026-01-06T06:33:23+00:00 )
Ноябр 11, 2020 10:52 Asia/Dushanbe
  • Байни камбуди манязиюм ва пукии устухон иртиботе наздик вуҷуд дорад
    Байни камбуди манязиюм ва пукии устухон иртиботе наздик вуҷуд дорад

Таҳқиқоти ҷадид нишон медиҳад миёни пукии устухон ва камбуди манязиюм дар бадан, иртиботи наздике вуҷуд дорад.

Ба гузориши Бошгоҳи хабарнигорони ҷавон, як мутолиа нишон додааст, ки байни камбуди манязиюм ва пукии устухон иртиботе наздик вуҷуд дорад ва камбуди он бар саломати мафосил ва устухонҳо таъсир мегузорад.

Ин мутолиа ба бархе ғизоҳо ва маҳсулоти зиёде, ки метавонанд камбуди манязиюм дар баданро ҷуброн кунанд ишора карда, ки ин ғизоҳо ба шарҳи зер аст:

1. Сабзавот

Аз муҳимтарин ғизоҳои ҳовии манязиюм метавон ба сабзавоте монанди исфиноҷ ва чуғундар ишора кард, ки яке аз манобеи аслӣ ва саршор аз манязиюм, витаминҳо ва маводи маъдании калидии мавриди ниёзи бадан ба шумор мераванд, ки бо бемориҳо муқобила карда ва барои саломати қалб бисёр муфид ҳастанд.

Image Caption

2. Какао

Какаои хом, бузургтарин манбаи манязиюм аст, ки ба коҳиши фишори хун, ҳифзи саломати қалб ва устухонҳо кумак мекунад.

Image Caption

 3. Ҳубубот  

Ҳубуботе монанди лубиё, лубиёи суё, адас ва нахуд низ аз манобеи муҳими ҳовии манязиюм ҳастанд.

Image Caption

4. Авукадо

Авукадо ҳовии мақодири зиёди потасиюм ва чарбиҳои муфид барои қалб аст. Як авукадо бо андозаи мутавассит ҳовии 58 миллиграм манязиюм аст; бино барин ин мева 15 дарсад аз ниёзи рӯзонаи бадан ба ин модаи маъданиро таъмин мекунад.

Image Caption

5. Муз

Муз низ ба ғанӣ будан аз потасиюм ва ҳамчунин манязиюм машҳур аст, ки ҳар дуи ин мавод  дар канори витаминҳои дигар монанди "витамини B" ва фибр, ба коҳиши фишори хун ва дармони гирифтагии азулаҳо низ кумак мекунад. Як дона музи бузург ҳовии 37 миллиграм манязиюм аст, ки 9 дарсади ниёзи рӯзонаи мо аст.

Image Caption