Ноябр 12, 2020 10:52 Asia/Dushanbe
  • Ҳабиб Каабӣ, раҳбари гурӯҳи террористии Ал-Аҳвозия
    Ҳабиб Каабӣ, раҳбари гурӯҳи террористии Ал-Аҳвозия

Саркардаи гурӯҳаки террористии Ал-Аҳвозия ба иртибот бо хадамоти иттилоотии Арабистони Саудӣ, ба ҷузъиёти ҷадиде аз иқдомоти террористии ин гурӯҳак дар Эрон ишора кард.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, Ҳабиб Фараҷуллоҳ Ҷаъб (Каъбӣ) машҳур ба Ҳабиб Асевад саркардаи гурӯҳаки террористии Ал-Аҳвозия дар мусоҳибае бо хабаргузории Садо ва Симои Эрон бо ишора ба боздошташ ба дасти нерӯҳои Ваорати иттилоотии ҷумҳурии исломӣ гуфт: "Се тан аз дигар авомили ин гурӯҳак дар амалиёти террористии 22 сентябри 2018 Аҳвоз даст доштанд."

Террористҳои Ал-Аҳвозия рӯзи 22 сентябри 2018 дар ҳошияи баргузории оини режаи нерӯҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Исломии Эрон дар маркази остони Хузистони Эрон Аҳвоз ба самти мардуми намоишчӣ тирандозӣ карданд, ки бар асари ин ҳамла 25 нафар шаҳид ва беш аз 60 нафар захмӣ шуданд.

Охирин омор аз теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористӣ дар Аҳвоз; 25 шаҳид ва 60 захмӣ

Саркардаи гурӯҳаки террористии Ал-Аҳвозия ҳамчунин бо ишора ба чанд амалиёти террористии ин гурӯҳ дар солҳои ахир гуфт: "Дар ҳамон замон бо хадамоти иттилоотии Арабистон, иқдомотамонро оғоз кардем ва ҷаласоти бисёре бо онон доштем."

 

Ҳабиб Каъбӣ ахиран дар ҳоле, ки барои барномарезӣ ва ҳидояти амалиёти террористии ҷадиде талош мекард дар доми нерӯҳои Вазорати Иттилоотии Ҷумҳурии Исломии Эрон афтод.

Гурӯҳаки террористии Ал-Аҳвозия, ки таҳти ҳимояти мустақими хадамотҳои иттилоотии Арабистон ва режими саҳюнистӣ қарор дорад бо вуҷуди судури ҳукми ҷалби байналмилалӣ барои саркардагони он, аз Аврупо амалиёти террористӣ дар Эронро  мудирият мекард. 

Бештар бихонед:

Барчасп