Руҳонӣ: Фишори ҳаддиаксарӣ поёни даврон худро тай мекунад
-
Руҳонӣ: Фишори ҳаддиаксарӣ поёни даврон худро тай мекунад
Раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон бо баёни ин ки фишори ҳаддиаксарӣ поёни даврон худро тай мекунад. гуфт: "Миллати Эрон натиҷаи муқовимат ва истодагии худро ба зудӣ хоҳад гирифт."
Раиси ҷумҳурии Исломии Эрон ҳасан Руҳонӣ рӯзи панҷшанбе дар маросими ифтитоҳи тарҳҳои омӯзишӣ ва дармонӣ, ки ба сурати видеоконфронсӣ баргузор шуд, хотирнишон кард: имрӯз ҳама нишонаҳо дар дунё, аз Амрико гирифта то дигар кишварҳо, ҳокӣ аз ин аст. ки фишори ҳаддиаксарӣ ҷавоб надода ва даврони поёнии худро тай мекунад.
Руҳонӣ ибрози умедворӣ кард. бо талоши ҳамаи дастгоҳҳои иҷроӣ ва кӯмаки мардум, Ҷумҳурии Исломии Эрон аз шароити сахти таҳримҳои золимона ва ғайриқонунии душманон убур хоҳад кард.
Раиси Ҷумҳӯрии Эрон дар идома, пешрафт, тавсеъа, истиқлол ва амнияти миллии кишварро дар сояи омӯзиши фарзандони Эрони исломӣ донист ва таъкид кард, ифтитоҳи як ҳазору 550 проекти омӯзишӣ ва тарбиятӣ дар як рӯз ва пайвастани рӯзонаи 27 синфхона ба ҷамъи синфхонаҳои омӯзишӣ, баёнгари иҳтимоми вижаи давлат ба масъалаи илм, фарҳанг ва омӯзишу парвариш аст.
Руҳонӣ ҳамчунин бо ишора ба ифтитоҳи се тарҳ дар ҳавзаи беҳдошту дармон, ёдовар шуд: Ҷумҳурии Исломии Эрон бо баҳрамандӣ аз пизишкону мутахассисони дилсӯз ва мутаъаҳҳид, имрӯз ҷузви кишварҳои пешрафтаи ҷаҳон дар дониш ва тахассуси пизишкӣ аст ва бисёре аз беморон аз кишварҳои мухталифи ҷаҳон барои дармон ба Эрон муроҷиа мекунанд.
Ойини ифтитоҳи як ҳазору 550 тарҳи миллии Вазорати омӯзиш ва парвариш дар саросари Эрон ва се тарҳи Вазорати беҳдошт, дармон ва омӯзиши пизишкии кишвар дар Кирмон, Қуму Машҳад имрӯз ( панҷшанбае ) бо ҳузури видеоконфаронси Раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон баргузор шуд.
Бештар бихонед:
- Вокуниши Зариф ба таҳримҳои нави Амрико алайҳи Эрон
-
Таъкиди раиси бонки марказии Эрон бар моқобила бо таҳримҳои якҷонибаи Амрико