Имзои тарҳи пайванди сайёҳии илмӣ ва фарҳангии Эрон дар Олмон
Қарордоди тарҳи пайванд барои густариш ва тарвиҷи гардишгарии илмӣ ва фарҳангии Эрон дар Олмон имзо шуд.
Бино ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, Раҳим Яғубзода, раҳбари Маркази туризми илмӣ-фарҳангии донишҷӯёни Эрон, рӯзи якшанбе дар маросими имзо дар Теҳрон гуфт, ки солҳои охир алайҳи ҳама соҳаҳои туризм, аз ҷумла асъор, раводид ва равобити сиёсӣ таҳримҳо ҷорӣ карда шуданд ва савдо фишори иловагӣ овард ва дар натиҷа, соҳаи сайёҳӣ зарари зиёд дид.
Яъқубзода афзуд, Эрон ҳамвора хоҳони рафъи ин мавонеъ буда ва дар ин росто иқдомоте анҷом додааст ва яке аз ин иқдомот таҳияи тарҳи гардишгарии пайванд буд, ки бо ҳамкории ҷавонон соҳиби андеша ва соҳиби идеяи тарроҳӣ шуд.
"Буттоқ Хонбудоғӣ" раиси фахрӣ ва муовини раиси Палатаи савдо ва саноати Эрону Олмон низ дар ин маросим гуфт, ки роҳандозии пайванди туризми илмӣ ва фарҳангии Эрон дар Олмон як зарурати иртиботи ҷомеаи донишгоҳҳо бо соҳаҳои саноат ва донишгоҳҳои Олмон аст.
Хонбудоғи тасриҳ кард, бо иҷрои тарҳи пайванд, донишҷӯёни эронӣ метавонанд дар қолиби турҳои омӯзишӣ, санъатӣ ва байнидонишгоҳӣ бо саноати Олмон иртибот барқарор кунанд ва ба ин тартиб заминаҳои табодули иттилоот ва андеша барқарор шуда, ки худ мусабаби тавсеаи иқтисодии кишвар хоҳад буд.
Бештар бихонед: