Октябр 13, 2016 21:53 Asia/Dushanbe
  • Таслияти шаҳодати усваи ибодат, Имом Саҷҷод (а)

Дар ҳоле ки дилҳо ҳанӯз шӯълавари доғи ҳусайнӣ аст, фаро расидан солгарди шаҳодати мазлумонаи зиннати ибодаткунандагон, Имом Саҷҷод (а) ҷонҳоро дар оташи мусибати дигар хокистар кардааст.

Рӯзи ҷумъа, дувоздаҳуми муҳаррами соли 1438-и ҳиҷрӣ, баробар бо 14 октябр  (23 меҳр) солгарди шаҳодати ҷонсӯзи Имом Саҷҷод (а), писари бузургвори Имом Ҳусейн (а) аст, ки дар хонадони рисолату домони тоҳири модари эронӣ  таваллуд шуд ва ҷаҳоне аз сафо, маънавият, донишу ва бинишро барои башарият ба армуғон овард. Падараш Имом Ҳусейн (а) эшонро Алӣ ном ниҳоданд, аммо саҷдаҳои тӯлонӣ ва ибодатҳои бисёри эшон сабаб шуд, то дар миёни мардум ба лақаби Заналобиддин (зиннати ибодаткунандагон) ва саҷҷод (бисёр саҷдакунанда) шӯҳрат ёбад.

Ҳазрати Саҷҷод (а) дар ҳодисаи Карбало ба иллати беморӣ натавонист дар рикоби падари бузургавораш биҷангад ва Худованд эшонро ба унвони захираи Оли Муҳаммад (с) ва идомадиҳандаи роҳи вилояти аҳли байти исмат ва таҳорат (а) ҳифз кард. Эшон пас аз ҳодисаи Карбало дар расво кардани дастгоҳи палиди Бани Умайя нақше беназир ифо кард ва саранҷом, пас аз умре талошу муҷоҳидат дар масири ҳидояти уммати бобояш бо тавтеаи Валид ибни Абдулмалик, яке аз хулафои ҳукумати ситамгари Марвон масмум шуда, ба шаҳодат расид ва пайкар покаш дар шаҳри Мадина, дар қабристон Бақеъ ба хок супурда шуд.

Радиои тоҷикӣ солгарди шаҳодати он усваи ҳидоят ва ибодату сабрро ба ҳамаи мусалмонон таслият мегӯяд.