Октябр 14, 2016 18:03 Asia/Dushanbe
  • Хатиби ҷумъаи Теҳрон ҳамлаи рӯзи шанбеи Арабистон ба Яманро ҷинояти ҷангӣ номид

Хатиби намози ҷумъаи Теҳрон ҳимоятҳои Ғарб аз идомаи ҳамалоти ҷангандаҳои Арабистон ба Яманро омили ташдиди буҳрон ва афзоиши куштори мардуми бегуноҳи Яман донист.

Оятуллоҳ Аҳмади Хотамӣ дар хутбаҳои ин ҳафтаи намози ҷумъаи Теҳрон, зимни маҳкум кардани ҳамалоти ҳавоии шанбеи гузаштаи Арабистон ба ҷануби Санъо, таъкид кард, кушта ва захмӣ шудани садҳо нафар дар ин ҳамалот, намунаи ошкори ҷиноёти ҷангӣ аст ва ҳокимони саудӣ ба хотири иртикоби ин ҷиноят бояд муҳокима шаванд.

Имоми ҷумъаи муваққати Теҳрон иддаои мақомоти амрикоӣ ва англис, мабнӣ бар ин ки ду кишвар дар ҳамалоти Арабистон ба Яман нақше надорандро дурӯғ донист ва афзуд, ин дар ҳоле аст, ки Англия пеш аз ҳамлаи маргбори ҷангандаҳои Арабистон ба Яман, дар бораи қарордоди фурӯши миллиардии таслиҳот бо Арабистон ба тавофуқ расида буд.

Оятуллоҳ Хотамӣ бо таъкид бар ин ки ҳимоятҳои Амрико аз амалкардҳои Арабистон дар Яман ва дигар кишварҳо, буҳрони минтақа инкорнопазир аст, таъкид кард, дар 18 моҳи ахир ҳазорон нафар аз мардуми Яман кушта шуданд, аммо ҳеҷ эътирозе ва иқдоми қотее аз ҷомеаи байналмилалӣ дида нашуд.

 Оятуллоҳ Хотамӣ бо таъкид бар ин ки имрӯз миллатҳои ҷаҳон Созмони милали воқеӣ ва дар хидмати башариятро хосторанд, таъкид кард: "Агар додгоҳе бар асоси адлу қонун дар ҷаҳон вуҷуд дошт, бидуни шак ҳама касоне ки дар ҷиноёт зидди мардуми Яман даст доштанд, маҳкум ба эъдом мешуданд".

Хатиби намози ҷумъаи Теҳрон ҳамчунин бо ибрози таассуф аз амалиёти террористӣ дар маросими азодории Тосуо ва Ошӯрои имсол дар кишварҳои Ироқ ва Афғонистон ва ҳамла ба азодорони ҳусайнӣ дар Нигерия, таъкид кард, душманон бидонанд, ки наҳзати пурифтихори Имом Ҳусайн (а) ҳатто дар сахттарин шароит то поён додан ба бедодгариҳо дар ҷаҳон ба роҳи худ идома хоҳад дод.