Таъкид ба тавсеаи ҳамкориҳо, меҳвари ройзании мақомоти Эрон ва Ӯзбекистон
-
Таъкид ба тавсеаи ҳамкориҳо, меҳвари ройзании мақомоти Эрон ва Ӯзбекистон
Намояндагони Гурӯҳи дӯстии парлумонии Эрону Ӯзбекистон дар як нишасти маҷозӣ роҳҳои тавсеаи ҳамкориҳои дуҷонибаро дар соҳаҳои гуногун баррасӣ карданд.
Ба гузориши хабаргузории Форс, "Ғуломризо Нурӣ Қизилча", раҳбари гурӯҳи дӯстии порлумонии Эрон бо Ӯзбекистон, дар суханронии худ дар ин нишаст имрӯз, панҷшанбе, зимни қадрдонӣ аз сафирони ду кишвар барои баргузории ин нишаст, гуфт, барқарории равобити порлкмонии байни ду кишвар ва истифодаи самарабахш аз назорати порлкмон бар иҷрои тавофуқоти ҳосилшуда аз аҳамияти вижае бархурдор аст.
Алишир Қодиров, муовини раиси Маҷлиси қонунгузории Ӯзбекистон ва раиси гурӯҳи дӯстии парлумонӣ бо Эрон, низ ба ҳамтоёни эронии худ дар бораи раванди ҷараёни ислоҳот дар ин кишвар иттилоъ дод ва ба вазъи ҳамкориҳои ду кишвар ва фаъолияти Маҷлиси қонунгузорӣ ишора кард.
Ҷонибҳо бо таваҷҷӯҳ ба манфиати тарафайн ба тавсеаи муносибатҳо дар соҳаҳои гуногуни иқтисодӣ, тиҷоратӣ ва фарҳангӣ гуфтанд, ки дар ин бахшҳо имкониятҳои васеъ мавҷуданд, ки ҳанӯз истифода нашудаанд.
Ҳоло дар Ӯзбекистон бо иштироки сармоягузорони эронӣ 272 ширкат фаъолият доранд ва ҳаҷми мубодилоти тиҷории ду кишвар дар ҳашт моҳи охири соли 2020 ба 158 миллион доллар расидааст.