Ноябр 22, 2020 19:47 Asia/Dushanbe
  • Содироти беш аз 5,7 миллион долларии худрӯҳои эронӣ
    Содироти беш аз 5,7 миллион долларии худрӯҳои эронӣ

Сухангӯи гумруки Эрон гуфт: дар соли гузашта ҳудуди 1 ҳазору 300 дастгоҳи худрӯи эронӣ ба арзиши панҷ миллиону 722 ҳазору 7 доллар ба 9 кишвари ҷаҳон содир шудааст.

Ба гузориши Ирна, Сайид Руҳуллоҳ Латифӣ сухунгӯи гумруки Эрон рӯзи якшанбе дар хусуси содироти худрӯҳои эронӣ афзуд: дар соли гузашта, ҳудуди 1 ҳазору 300 дастгоҳи  худрӯи эронӣ ба вазни як ҳазору 573 тонна ба 9 кишвари Гонконг, Тайван, Сурия, Аморот, Испания, Чин, Ироқ ва Туркия содир шуд. 

Латифӣ гуфт: кишвари Ироқ бо се миллиону 122 ҳазору 900 доллар, Ҷумҳурии Озарбойҷон бо як миллиону 159 ҳазору 400 доллар, Сурия бо 981 ҳазору 825 доллар се мақсади нахусти худрӯҳои эронӣ буданд.

Сухангӯи гумруки Эрон афзуд: Гонконг бо 116 ҳазору 862 доллар, Испания бо 96 ҳазору 362 доллар, Тайван бо 79 ҳазору 521 доллар, Чин бо 36 ҳазору 600 доллар, Туркия бо ҳафт ҳазор доллар ва Аморот бо ҳазору 662 доллар дигар харидорони худрӯ аз Эрон буданд.

Бештар бихонед: