Таслияти солрӯзи реҳлати ҳазрати Фотимаи Маъсума (с)
-
Ҳарами ҳазрати Маъсума (с) сиёҳпӯшу сӯгвор аст
Панҷшанбеи 10 рабеуссонии 1442 –и ҳиҷрии қамарӣ, баробар бо 26 ноябри 2020 солрӯзи вафоти ҳазрати Фотимаи Маъсума (с), хоҳари гиромии ҳазрати имом Ризо (а) аст.
Ҳарами мутаҳҳари ҳазрати Фотимаи Маъсума (с), набераи поки расули Худо (с) ва духтари гаронқадри имом Мӯсо бин Ҷаъфари Содиқ (а) дар шаҳри муқаддаси Қум дар шаби вафоти он бонӯи кирима сиёҳпӯш ва сӯгвор аст.
Мардуми ин шаҳр бо барафроштани парчамҳоау байрақҳои сиёҳ ба нишонаи азо, иродати худро ба ин бонӯи бузурги ислом ва ишқу иродати худро ба хонадони аҳли байти исмату таҳорат (а) ба намоиш мегузоранд.
Мардуми Эрони исломӣ ҳар сол дар шаби вафоти ҳазрати Фотимаи Маъсума (с) бо ҳузур дар ҳусайнияҳо, масоҷид, ҳарами мутаҳҳари эшон дар Қум ва ҳарами мутаҳҳари ҳазрати имом Ризо (а) дар Машҳади муқаддас азодорӣ мекарданд, ки имсол ба далели густариши вируси корона ин маросим ба сурати маҷозӣ ва зиёрат аз роҳи дур анҷом мешавад.
Созмони садо ва симои Ҷумҳурии исломии Эрон фаро расидани солрӯзи вафоти ҳазрати Маъсума (с) -ро ба ҳамаи мусулмонони ҷаҳон таслият мегӯяд.
Бештар бихонед:
- Ойини таъвизи парчами гунбади ҳарами мутаҳҳари ҳазрати Маъсума (с)
- Оғози даҳаи каромат бо гулороии ҳарами ҳазрати Маъсума (с) дар Қум + видео