Ғарибободӣ: Ҳаққи ғанисозӣ хати қирмизи қатъии Эрон аст
https://parstoday.ir/tg/news/daily_news-i120176
Порс-Тудей. Муовини ҳуқуқӣ ва байналмилали Вазорати умури хориҷаи Ҷумҳурии исломии Эрон ҷумъа дар посух ба дағдағаи як мухотаби шабакаи иҷтимоии “Х” навишт: Ҳаққи ғанисозӣ хати қирмизи қатъии мост! Таваққуфе ҳам дар ғанисозӣ пазируфта намешавад.
(last modified 2025-05-16T13:09:14+00:00 )
Май 16, 2025 18:08 Asia/Dushanbe
  • Ғарибободӣ: Ҳаққи ғанисозӣ хати қирмизи қатъии Эрон аст

Порс-Тудей. Муовини ҳуқуқӣ ва байналмилали Вазорати умури хориҷаи Ҷумҳурии исломии Эрон ҷумъа дар посух ба дағдағаи як мухотаби шабакаи иҷтимоии “Х” навишт: Ҳаққи ғанисозӣ хати қирмизи қатъии мост! Таваққуфе ҳам дар ғанисозӣ пазируфта намешавад.

Козими Ғарибободӣ, муовини вазири хориҷаи Эрон афзуд, тарафҳои музокираи мо ба хубӣ медонанд, Ҷумҳурии исломии Эрон ҳечгоҳ дастовардеро, ки бо хуни шуҳадо ва ҳазинаҳои бисёр ба даст овардааст, ваҷҳулмусолиҳа қарор нахоҳад дод!

Пеш аз ин, корбаре хитоб ба Ғарибободӣ дар шабакаи “Х” навишта буд: “Накунад таваққуфи ғанисозиро ба ҳар мизон ва ҳар муддат бипазиред! Мутмаин бошед Амрико дар ваъдаҳои инчунинӣ содиқ нест. /Ирна