Ноябр 26, 2020 17:33 Asia/Dushanbe
  • Омодагии Эрон барои интиқоли таҷрибаи тавлиди барқ ​​ба Яман
    Омодагии Эрон барои интиқоли таҷрибаи тавлиди барқ ​​ба Яман

Сафири Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Санъо ва сарпарасти Вазорати барқ ва энергетикаи Давлати Наҷоти Миллии Яман дар бораи интиқоли таҷрибаи фаннӣ ва омӯзиши дар заминаи тавлиди барқ баҳсу табодули назар карданд.

Ба гузориши рӯзи панҷшанбеи ИРНА, сафири Эрон дар Санъо Ҳасан Ирлоо дар дидор бо Абдулғани Ал-Мадонӣ, сарпарасти Вазорати барқ ва энержии Давлати Наҷоти Миллии Яман бар омодагии Теҳрон барои интиқоли таҷрибаи тавлиди барқ ба Яман таъкид кард.

Сафири Эрон дар Санъо ва сарпарасти Вазорати барқ ​​ва энержии Давлати Наҷоти миллии Яман бар зарурати афзоиши ҳамоҳангӣ ва тақвияти ҳамкориҳои дуҷониба ва имзои қарордодҳо ва тавофуқномаҳои ду кишвар дар заминаи тавлиди нерӯи барқ ​​таъкид карданд.

Ду тараф дар ин дидор ҳамчунин дар бораи интиқоли таҷрибаҳои Эрон ва омӯзиши кодри машғул ба кор дар Вазорати барқи Яман бо кӯмаки муҳандисони Вазорати барқи Эрон баҳсу гуфтугӯ карданд.

Сафири Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Санъо рӯзи душанбеи гузашта бо вазири кишоварзии Яман Абдулмалик Ал-Савр мулоқот кард ва ҳамкориҳои ду кишварро баррасӣ кард.

Ал-Савр дар ин дидор бар истифода аз таҷрибаи Эрон дар заминаи кишоварзӣ, ба вижа дар ҳавзаи пажӯҳишҳо, техникаи кишоварзӣ ва муқобила бо биёбоншавӣ таъкид кардааст.

Барчасп