Намоиши иқтидори басиҷ дар обҳои Халиҷи Форс
Размоиши реҷаи миллии дарёии басиҷ, нахустин бор бо ҳузури фармондеҳи нерӯи дарёии Сипоҳи посдорони инқилоби исломӣ дар обҳои нилгуни Халиҷи Форс оғоз шуд.
Сардори сартипи посдор «Аббоси Ғуломшоҳӣ» фармондеҳи минтақаи якуми нерӯии дарёии Сипоҳи посдорони инқилоби исломӣ рӯзи панҷшанбе дар ҳошияи баргузории размоиши режаи миллии дарёии Басиҷ дар Бандар Аббос ҷануби Эрон, гуфт: "Дар размоиши режаи миллии дарёии Басиҷ, ҳазор фарванди шиноварҳои басиҷи дарёӣ ва нерӯи дарёии сипоҳ, 28 флоти ним вазнин (Ленг) ва 40 флоти сабук дар Бандар Аббос ва гулӯгоҳи Ҳурмуз ҳузур доранд.
Сардор Ғуломшоҳӣ афзуд: намоиши иқтидори дифоии басиҷи дарёӣ, таҷаллии ваҳдату ҳамбастагии басиҷ бо Раҳбари муъаззами инқилоб аз аҳдофи баргузории ин размоиши як рӯза аст.
Адмирал «Алиризо Тангсерӣ» фармондиҳи нерӯии дарёии Сипоҳи посдорони инқилоби исломӣ ҳам гуфт: "Баргузории ин паради пурқудрати баҳрӣ намоиши эътибор ва шаъну эътибори мардуми Ҷумҳурии Исломии Эрон аст."
Аджмирал Тангсерӣ афзуд: Паёми ин размоиш сулҳ, дӯстӣ, бародарӣ, фидокорӣ, ва эҷоди амнияти пойдор дар савоҳили дарёии халиҷи Форс ва дарёи Уммон аст.
Ҳазрат Имом Хумайнӣ ( раҳ ) бунёнгузори кабири Ҷумҳурии исломии Эрон 26 ноябри 1979 фармони ташкили созмони басиҷи мустазъафонро содир карданд.
Раҳбари муаззами инқилоби исломӣ Ҳазрат Оятуллоҳ Хоманаӣ басиҷро мазҳари азамати миллати Эрон ва нерӯии коромади дарунии кишвар донистаанд ва таъкид кардаанд: Басиҷ, барои дӯстони инқилоб ва низоми ҷумҳурии исломӣ мояи умеду эътимод ва барои бадхоҳон ва душманон ва кинаварзони низоми исломӣ, мояи биму ҳарос аст.
Бештар бихонед: