Ноябр 26, 2020 21:14 Asia/Dushanbe
  • Машварати сафирони Эрону Туркия дар Боку оид ба вазъи Қарабоғи Кӯҳӣ
    Машварати сафирони Эрону Туркия дар Боку оид ба вазъи Қарабоғи Кӯҳӣ

Сафирони Ҷумҳурии Исломии Эрон ва Туркия дар Ҷумҳурии Озарбойҷон дар хусуси охирин вазъияти Қарабоғ ройзанӣ карданд.

Сайид Аббос Мусавӣ сафири Эрон дар Ҷумҳурии Озарбойҷон рӯзи панҷшанбе дар саҳифаи шахсии худ дар Твиттер бо ишора ба дидораш бо Эркан Озорал сафири Туркия дар Ҷумҳурии Озарбойҷон тасреҳ кард: дар ин дидор дар бораи муносибатҳои дуҷонибаи Эрон ва Туркия, равобити ду кишвар бо Ҷумҳурии Озарбойҷон ва низ вазъияти ҷорӣ дар Қарабоғ табодули назар шуд.

Даври ҷадиди даргириҳои низомӣ байни Ҷумҳурии Озарбойҷон ва Арманистон дар минтақаи мавриди муноқишаи Қарабоғ бо тавофуқи се ҷонибаи президентҳои Ҷумҳурии Озарбойҷон, Русия ва нахуствазири Арманистон дар 10 ноябр поён ёфт ва оташбас дар ин минтақа барқарор шуд.

Дар ҳоли ҳозир нерӯҳои ҳофизи сулҳи Русия мустақар дар Қарабоғ бар чугунагии риояти оташбас дар ин минтақа назорат мекунанд.  

Барчасп