Ноябр 28, 2020 22:25 Asia/Dushanbe
  • Сафири Эрон Муҳаммадтақӣ Собирӣ бо вазири саноат ва технологияҳои нави Тоҷикистон Шерали Кабир дар Душанбе мулоқот кард
    Сафири Эрон Муҳаммадтақӣ Собирӣ бо вазири саноат ва технологияҳои нави Тоҷикистон Шерали Кабир дар Душанбе мулоқот кард

Дар дидорҳои ҷудогонаи сафирони Эрон ва Олмон дар Душанбе бо вазири саноат ва фанновариҳои навини Тоҷикистон заминаҳои ҳамкориҳои чандҷонибаи саноатӣ ва фанноварии дуҷониба ба баҳсу табодули назар гузошта шуд.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, сафири Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Тоҷикистон Муҳаммадтақӣ Собирӣ рӯзи шанбе дар саҳифаи Инстаграмми худ навишт: "Дар дидор бо вазири саноат ва фанновариҳои навини Тоҷикистон Шерали Кабир заминаҳои ҳамкории ду кишвар Эрон ва Тоҷикистон дар ҳавзаҳои гуногуни саноат, маъдан ва фанновариҳои навин мавриди табодули назар ва гуфтугӯ қарор гирифт." 

Дар ҳамин ҳол сомонаи Спутник гузориш дод бо вуҷуди мутаваққиф шудани ҳамкориҳои иқтисодии Душанбе ва Берлин, вазири саноат ва фанновариҳои навини Тоҷикистон ва сафири Олмон дар Душанбе мавзӯи тақвияти равобити дуҷонибаро мавриди баррасӣ қарор доданд. 

Бар асоси ин гузориш, дар дидори Шерали Кабир ва Андреас Протманн тарафҳо дар бораи истифода аз таҷрибаҳои Олмон барои рушди фанновариҳои навини саноатӣ дар Тоҷикистон баҳсу табодули назар карданд. 

Ин дар ҳолест, ки ҳукумати Олмон тобистони имсол Тоҷикистонро аз барномаи иштироки ҳамкориҳои хориҷии хеш ҳазф карда буд. 

Давлати Олмон эълом карда буд, ки дар Осиёи Марказӣ танҳо бо Ӯзбекистон ҳамкориҳои иқтисодӣ хоҳад дошт.

Албатта Олмон таъкид карда буд, ки созишномаҳои ҳамкорӣ бо Тоҷикистон ва Қирғизистон такмил хоҳад шуд ва тарафҳо метавонанд барои тамдиди ин тавофуқот иқдом кунанд.

Бештар бихонед:

 

Барчасп