Ҳамкориҳои бархе сервисҳои бегона бо Исроил дар террори шаҳид Фахризода
(last modified Sun, 29 Nov 2020 14:13:21 GMT )
Ноябр 29, 2020 19:13 Asia/Dushanbe

Суҳангӯи комиссияи амнияти миллӣ ва сиёсати хориҷии Маҷлиси Шӯрои Исломии Эрон аз эҳтимоли ҳамкории бархе сервисҳои бегона бо Исроил дар террори раиси Созмони пажуҳиш ва навоварии Вазорати Мудофиаи Эрон "Муҳсин Фахризода" хабар дод.

Аносири террористии мусаллаҳ, ҷумъаи гузашта мошини ҳомили раиси созмони пажуҳиш ва навоварии Вазорати Мудофиаи Эрон ва донишманди саноати ҳастаии кишвар "Муҳсин Фахризода" -ро мавриди ҳамла қарор дода ва вайро ба шаҳодат расонданд.

Суҳангӯи комиссияи амнияти миллӣ ва сиёсати хориҷии Маҷлиси Шӯрои Исломии Эрон Абулфазл Амуӣ рӯзи якшанбе дар гуфтугӯ бо хабаргузории Эрон Пресс, бо ишора ба бархе иқдомоти шаҳид Фахризода дар ҳавзаи дифоӣ ва ҳастаии кишвар хотирнишон кард: дастгоҳҳои иттилоотӣ ва амниятии Эрон дар ҳоли арзёбии ҷиҳатҳои мухталифи ин террор ҳастанд ва сар нахҳои маҳкаме ба даст овардаанд.

Амуӣ бо баёни ин, ки нишонаҳое аз нақши режими Исроил дар террори шаҳид Фахризода вуҷуд дорад, афзуд: ба воситаи печидагии ин амалиёти террористӣ, эҳтимолан соири хадамоти бегона бо Исроил ҳамкорӣ доштанд. 

Суҳангӯи комиссияи амнияти миллӣ ва сиёсати хориҷии Маҷлиси Шӯрои Исломии Эрон ҳамчунин бо ишора ба қобилияти пайгирии террори ин донаишманди ҳастаӣ дар маҷомеи байналмилалӣ, ёдовар шуд: шаҳид Фахризода шахсияти байналмилалӣ ва муовини Вазири Мудофиаи Эрон буд.

Бештар бихонед: