Декабр 01, 2020 11:43 Asia/Dushanbe
  • Сафарҳои саросемагии Помпео ба минтақа як тарҳе буд, ки дар ҳамлаи террористии рӯзи ҷумъа ошкор шуд
    Сафарҳои саросемагии Помпео ба минтақа як тарҳе буд, ки дар ҳамлаи террористии рӯзи ҷумъа ошкор шуд

Вазири хориҷаи Эрон дар шабакаи иҷтимоии Инстаграмм, сафарҳои саросемаи вазири хориҷаи Амрико Майк Помпео ба минтақаи ғарби Осиё, мулоқоти сеҷониба дар Арабистон ва баёнияҳои нахуствазири режими саҳюнистӣ Бенямин Натаняҳуро нишонгари талош барои эҷоди таниш ва нобуд кардани фазои эҷодшуда барои лағви таҳримҳои золимона алайҳи Эрон баршумурд.

 Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз хабаргузории Форс, " Муҳаммадҷаводи Зариф" дар сафҳаи Инстограммаш бо ироаи ду намудори корзори зиддииттилоотӣ ва ҷанги равонӣ алайҳи Эронро ташреҳу эълом кард: ин рӯзҳо бониён ва ҳомиёни сиёсати шикастхӯрдаи фишори ҳаддиаксарӣ алайҳи миллати диловари Эрон дар талошанд то аз вопасин рӯзҳои режими Трамп барои эҷоди ташаннуҷ ва нобуд кардани фазои эҷодшуда барои лағви таҳримҳои золимона алайҳи Эрон баҳра гиранд. 
 
 Вазири хориҷаи Эрон таъкид кард: сафарҳои саросемаи Помпео ба минтақа, мулоқоти сеҷониба дар Арабистон ва баёнияҳои Натаняҳу ҳамагӣ нишонгари тавтеае аст, ки рӯзи ҷумъа дар иқдоми буздилонаи террористӣ ва шаҳодати яке аз мудирони барҷастаи Эрон ошкор шуд.
 

 Зариф афзуд: ҳамзамон бо террори шаҳид " Муҳсини Фахри‌зода" донишманди ҳастаӣ ва дифоии Эрон, корзори зиддииттилоотӣ ва ҷанги равонии ҳидоятшуда аз сӯи ҳамин меҳвари аҳриманӣ оғоз шуд ба ин умеди воҳӣ, ки барномаи палиди Помпео, Натаняҳу ва Муҳаммад Бин Салмон валиаҳди саъудӣ барои ташаннуҷофаринӣ комил шуд.
 
 Доктор " Муҳсини Фахриизода" донишманди ҳастаӣ ва дифоии Эрон асри ҷумъа дар як ҳамлаи террористӣ дар минтақаи Обсарди Дамованди остони Теҳрон ба шаҳодат расид.
 
Токунун бисёре аз кишварҳо аз ҷумла, Сурия , Русия, Швейтсария, Венесуэла , Африқои ҷанубӣ, Туркия , Қатар, Кувайт, Лубнон, Урдун, Афғонистон, Чин ва Иттиҳодияи Аврупо террори доктор " Муҳсини Фахризода"-ро маҳкум кардаанд.

 

Бештар бихонед:

Барчасп